Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Бисёре аз мардум даст ба гадоӣ мезананд, то луқмаи нон биёбанд”


Зане дар беруни нонвойхонае дар Афғонистон гадоӣ мекунад
Зане дар беруни нонвойхонае дар Афғонистон гадоӣ мекунад

Барномаи Ҷаҳонии Озуқавории Созмони Милал бори дигар аз афзоиши гуруснагӣ дар Афғонистон ибрози нигаронии амиқ кардааст.

Дафтари Ҳамоҳангсози умури башарии Созмони Милал (OCHA) рӯзи 6 июн дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки теъдоди ниёзмандон дар Афғонистон ба бештар аз 28 миллион нафар расидааст ва ин мардум имсол ба кумаку маводи ғизоӣ эҳтиёҷ хоҳанд дошт.

Афзоиши такондиҳандаи муҳтоҷон дар Афғонистон дар ҳолест, ки теъдоде аз фақирон мегӯянд, ночор ба гадоӣ рӯ овардаанд, вале аксар вақт ба хона дасти холӣ бармегарданд. Як хонуми афғон, ки нахост, номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар гузашта дар яке аз идораҳои давлатӣ кор мекард ва музди кор дошт, аммо ҳоло на музде мегирад ва бадбахтона шавҳараш ҳам ба бистари беморӣ афтодааст ва аҳволи иқтисодиаш бисёр бад аст.

Ӯ афзуд: “Бечора шавҳарам бемории қанд дорад, панҷаҳои пояшро буридаанд, дар хона аст. Пули доруҳояшро надорам. Бисёре аз мардум мисли мо даст ба гадоӣ мезананд, ки як луқмаи ноне барои тифлонашон биёбанд. Мо ба баъзе хонаҳо барои кор ва ё колошӯӣ меравем, агар бошад. Пули ночизе мегирем. Ду сол боз аст, маош нагирифтаам.”

Чоҳҳои зеризаминӣ хушк шуданду Кобул бо камбуди ҷиддии об мувоҷеҳ гаштааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:56 0:00

Иттиҳодияи миллии коргарони Афғонистон мегӯяд, ки пас аз баргашти Толибон ба қудрат дар моҳи августи соли 2022 теъдоди фақирон дар Афғонистон ба 97 дар расидааст ва бисёре аз мардум ҳам бекор мондаанд.

Ваҳидулло Амонӣ, сухангӯи Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои расонидани кумакҳои ғизоӣ то поёни имсол наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ зарур аст.

Ӯ афзуд: “Дар ҳоли ҳозир беш аз 15 миллион нафар дар Афғонистон аз назари таъмини ғизо танқисӣ мекашанд. Ҳадафи Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ ироаи кумакҳои ғизоӣ то ҳадди имкон аст. Барномаи мо дар соли ҷорӣ ба коҳиши шадиди буҷа мувоҷеҳ аст. То охири сол мо ба 900 миллион доллар эҳтиёҷ дорем, то ба муҳтоҷон кумак расонем.”

Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ мегӯяд, агар ин миқдори буҷа таъмин нашавад, теъдоди ниёзмандон дар Афғонистон афзоиш хоҳад ёфт ва авзоъ аз ин ҳам бадтар хоҳад шуд. Созмони Милал мегӯяд, имсол дар Афғонистон беш аз 28 миллион нафар ба кумакҳои башарӣ эҳтиёҷ хоҳанд дошт. Баъди онки Толибон кори занон дар созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва идораҳои Созмони Милалро манъ карданд, расонидани кумакҳои башарӣ ба мардуми кишвар ҳам сахттар шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG