Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бешазори Колумбия чор тифли гумшударо зинда пайдо карданд


 Ҳамаи чор кӯдакро низомиён пайдо карданд
Ҳамаи чор кӯдакро низомиён пайдо карданд

Чор кӯдаки гумшуда баъди суқути ҳавопаймое дар бешазори Амазон зинда пайдо шуданд. Дар натиҷаи афтодани ҳавопаймое чил рӯз пеш се калонсоле аз миёни сокинони бумии Колумбия ба ҳалокат расиданд ва ноболиғон нопадид шуданд. Амалиёти ҷустуҷӯи онҳо тамоми ин вақт идома дошт ва ба хабари ташвишовари тамоми кишвари Колумбия табдил шуд.

Нигарониҳо аз сарнавишти кӯдакони нопадидшуда дар ҷангали анбӯҳ ва пурхатар боло мегирифт ва баробар бо наҷотбахшон низомиён ҳам дар ҷустуҷӯи кӯдакон ҷалб шуданд. Президент Густаво Петро гуфт, умедвор аст, ки рӯзи 10 июн метавонад бо ин ноболиғон вохӯрда ҳамсӯҳбат шавад. Онҳоро аз ҷангал ба як беморхонаи шаҳри Богота интиқол додаанд.

Ба навиштаи Рейтерс, ҳавопаймое бо ҳафт сарнишинӣ рӯзи 1 май дар паи аз кор мондани мотори ҳавопаймо дар бешазор суқут кард. Пилоти ҳавопаймо ва модари кӯдакон кушта шуданд. Сокинони Колумбия умедвор буданд, ки чор тифли гумшуда - се хоҳар ва як бародари онҳо ҳатто баъди ҳафтаҳои зиёд зинда пайдо мешаванд. Кӯдакони ёфтшуда 13, 9, 4-сола ва тифли 12-моҳа мебошанд.

Мақомот гуфтанд, ки тамоми василаҳои имконпазирро барои ҷустуҷӯи кӯдакон сафарбар карданд ва "Амалиёти умед" бомуваффақият анҷом ёфт.

XS
SM
MD
LG