Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонҳои Тоҷикистону Эрон табодули зиндониёнро баррасӣ кардаанд


Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ, додситони кулли Эрон.
Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ, додситони кулли Эрон.

Мақомоти Эрон ва Тоҷикистон ба мувофиқа расидаанд, ки вобаста ба вазъи Афғонистон барои мубориза бо терроризм ҳамкорӣ хоҳанд кард ва ба ҳамдигар «маълумоти фаврӣ» хоҳанд дод.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 8-уми июн бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки ин мавзӯъ рӯзи 8-уми июн дар сӯҳбати Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ, додситони кулли Эрон бо Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон матраҳ шудааст. Ду додситон ҳамчунин "истирдоди ҷинояткорон ва бозпас додани маҳкумшудаҳоро баррасӣ карданд.”

Муҳаммадҷаъфар Мунтазирӣ, додситони кулли Эрон шоми 8-уми июн бо сафари корӣ вориди Тоҷикистон шудааст. Сафари Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ зоҳиран посух ба сафари Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ба Теҳрон аст, ки 7-уми феврали соли 2022 сурат гирифт ва дар ҷараёни он мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои созмонёфтаи байналмилалӣ, истирдоди ҷинояткорон, қочоқи маводди мухаддир баррасӣ шуд. Дар он замон байни ду тараф Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни имзо шуд.

Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд бо нашри як баёнияи расмӣ низ гуфт, ки Муҳаммадҷаъфар Мунтазирӣ зимни сафар дар вилояти Суғд, бо Раҷаббой Аҳмадзода - раис ва Фурқат Хоҷазода, додситони вилоят “перомуни густариши робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.”

Додситонии кулл мегӯяд, соли гузашта 7 ҷавонеро, ки дар донишгоҳҳои динии Эрон ғайриқонунӣ таҳсил мекарданд, ба кишвар баргардонидааст. Соли гузашта ду корманди додситонии кулл ба Эрон рафтанд, то маълум кунанд, ки онҷо чанд нафар ҷавони тоҷик дар мадрасаҳо ба таҳсили ғайриқонунии динӣ машғуланд. Ба қавли додситонӣ, кормандони додситонӣ “58 нафар чунин толибилмонро муайян намуда” ҳафт нафари онҳоро ба Тоҷикистон баргардонидаанд.

XS
SM
MD
LG