Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориш: "675 миллион нафар" аз аҳолии ҷаҳон аз барқ маҳруманд


Гузориши муштараки чанд созмон ва ниҳодҳои байналмилалӣ мегӯяд, ҳанӯз 675 миллион нафар аз сокинони ҷаҳон, бо шабакаи барқ дастрасӣ надоранд.

Ин гузориш рӯзи сешанбеи ин ҳафта аз сӯи бахши омори СММ, Оҷонси байналмилалии энержӣ, Оҷонси байналмилалии энержии таҷдидпазир, Созмони тандурустии ҷаҳонӣ ва Бонки ҷаҳонӣ таҳия шудааст ва хотирнишон мекунад, ки бо вуҷуди талошҳои фаровон, ҳанӯз ҳам дастрасӣ ба энержӣ ноодилона аст.

Ин гузориш ҳамчунин ёдоварӣ мекунад, ки бо идомаи вазъияти феълӣ дастёбӣ ба яке аз "ҳадафҳои рушди пойдор", яъне дастрасии ҳама аҳолии ҷаҳон ба энержии пок ва арзон, номумкин аст.

"Ҳадафҳои рушди пойдор" яке аз муҳимтарин барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид аст, ки дар соли 2015 аз сӯи ҳама кишварҳои узв қабул шуд.

Муовини раиси Бонки ҷаҳонӣ ва масъули бахши зербиноҳо дар ин ниҳод гуфт, "рушди шабакаи барқрасонӣ дар давраи ахир кунд шудааст".

Ин гузориш ёдоварӣ мекунад, аҳолие, ки дар соли 2010 бо барқ дастрасӣ надошт, ҳудуди 1,1 миллион нафар буд ва ҳоло тақрибан нисф шудааст. Вале баррасии соли 2021 нишон медиҳад, ки ҳанӯз 675 миллион нафар ба барқ дастрасӣ надоранд.

Ҳудуди 80 дарсади ин мардум сокинони кишварҳои африқоӣ ҳастанд ва мизони дастрасии онҳо ба шабакаи интиқоли барқ аз соли 2010 то кунун тағйир накардааст.

Ин гузориш ба пешрафт дар заминаи дигар, аз ҷумла афзоиши истифода аз манбаъҳои покиза ва нави энержӣ таъкид мекунад, аммо дар айни ҳол ҳушдор медиҳад, ки "Ҳадафҳои рушди пойдор" бо суръати феълии густариши шабакаҳои барқрасонӣ, амалӣ нахоҳад шуд.

Фотеҳ Бейрул, раиси Оҷонси байналмилалии энержии таҷдидпазир дар баёния гуфт, "барои таъмини энержии арзон бо стандартҳои муосир барои миллиардҳо нафар аз мардум, ки аз он маҳрум ҳастанд, кори бештаре бояд анҷом шавад".

Ин гузориш хотирнишон мекунад, ки ҷудо кардани будҷаи умумӣ барои тавлиди энержиҳои пок дар кишварҳои камдаромад ҳатто қабл аз КОВИД-19, рӯ ба коҳиш будааст.

Арзёбиҳои феълӣ нишон медиҳад, ки агар чораҳои густурда ва оҷил анҷом нашавад, дар соли 2030 дастикам 600 миллион нафар аз ҷамъияти ҷаҳон камокон аз дастрасӣ ба шабакаи интиқоли барқ маҳрум хоҳанд буд.

Бар асоси пажӯҳишҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол ҳудуди 3,2 миллион нафар бар асари гирифторӣ ба бемориҳое, ки сарчашмаи он маводи сӯхт аст, ҷони худро аз даст медиҳанд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, "бо анҷоми чораҳои бармаҳал бояд насли ояндаро наҷот диҳем. Равишҳои пухтупази солим дар хона ва интиқоли барқ метавонад дар ҳифзи саломатии осебпазиртарин гурӯҳҳои мардум нақши муҳиме иҷро кунад".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG