Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд минтақаи Қазоқистон фаъолонро боздошт карданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар шаҳру ноҳияҳои Қазоқистон фаъолонеро боздошт карданд, ки мехостанд дар рӯзи баргузории ҳамоиши байнулмилалӣ дар шаҳри Остона тазоҳурот кунанд.

Пулиси шаҳри Алмато фаъолони мадании ҳаракати "Алга, Казахстан" Асет Абишев ва Бибигул Имангалиевро дар назди хонаашон дастгир кардааст. Видеои боздошти онҳо дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр шуд.

"Имрӯз мебоист як гирдиҳамоии осоишта ба ҷонибдории Марат Жиланбоев, озодии маҳбусони сиёсӣ ва талаби сабтиноми ҳизби "Алга, Казахстан" баргузор мешуд. Онҳо аллакай дар кӯча интизоранд. Афсарони милиса бо либоси мулкӣ дар берун истодаанд", - гуфт Абишев дар як пахши мустақим дар Фейсбук, ки пеш аз боздошташ нашр шудааст.

Фаъоли маданӣ Амонкелдӣ Жахин аз вилояти Акмолин низ хабар додааст, ки дар назди манзили зисти ӯ мошини пулис истодааст.

Пештар хабар дода шуд, ки фаъолони "Алга, Казахстан" барои баргузории тазоҳурот дар шаҳрҳои Остона, Алмато ва Петропавловск иҷозат хоста буданд, вале мақомот ба ҳамаи дархостҳо посухи рад доданд.

Қарор буд, тазоҳурот рӯзҳои 8 ва 9-уми июн дар рӯзҳои баргузории ҳамоиши байнулмилалӣ, ки бо ҳузури президенти он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев дар Остона ҷараён дорад, баргузор шавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG