Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон хост, барои таҳқиқи ҳодисаи Каховка кумисюн ташкил шавад


Пайомадҳои рахна шудани садди обанбор. Херсон
Пайомадҳои рахна шудани садди обанбор. Херсон

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия, дар суҳбатҳои телефонӣ бо ҳамтоёнаш аз Русия ва Украина пешниҳод кардааст, ки барои таҳқиқи тахриб шудани садди обанбори Каховка як кумисюн ташкил диҳанд.

Нашрияи "Ҳуррият" иттилоъ дод, ки Эрдуғон гуфтааст, ба таҳқиқи ҳодиса бояд коршиносони ҷонибҳои ҷанг, намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷалб шаванд.

Ба гуфтаи ӯ, Анқара омодааст, барои гузарондани тафтишот тамоми корҳоро анҷом диҳад.

Вай аз таҷрибаи миёнҷигарии кишвараш дар гуфтугӯҳо барои созиши ғалла миёни Маскав ва Киев ёдовар шудааст.

Президенти Украина Владимир Зеленский баъд аз гуфтугӯ бо ҳамтои турки худ дар Телеграм навишт, рӯйхати ниёзҳои фаврии кишварашро барои рафъи оқибатҳои рахнашавии сад(д) ба Эрдуғон пешниҳод кардааст. Ӯ тахриби нерӯгоҳро ҳамлаи террористии Русия номид.

Кремл гуфт, президенти Русия Владимир Путин Украинаро дар ҳодиса муттаҳам кард ва тахрибро "амали ваҳшиёна" номид. Ин аввалин шарҳи Путин дар бораи рахна шудани сад(д) буд.

Зеленский ва Путин ба пешниҳоди Эрдуғон дар бораи ташкили кумисюн чи посух додаанд, маълум нест.

Садди обанбори Каховка, ки зери назари русҳо буд, рӯзи 6-уми июн бар асари таркиш рахна шуд. Киев ва Маскав ҳамдигарро ба вайрон кардани обанбори бозмонда аз Шӯравӣ дар ҳудуди вилояти Херсон гунаҳкор мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG