Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тафтишу боздошти муҳоҷирон. Ин дафъа дар Санкт-Петербург. ВИДЕО


Тафтиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Тафтиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар лаҳзаҳое, ки ду вазири Русия дар Тоҷикистон ҳамкориҳои ду кишвар ва вазъи муҳоҷиронро баррасӣ мекарданд, дар минтақаҳои Русия, ба қавле, "шикор"-и муҳоҷирон идома кардааст. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷӣ ва Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия рӯзҳои 5 ва 6-уми июн дар Тоҷикистон буданд.

Наворҳои корбарон бозгӯйи он аст, ки фишор ба муҳоҷирон ва боздошти онҳо кам нашудааст. Як ҳафтаи охир фишор ба муҳоҷирон аз минтақаҳои дигари Русия ба Санкт-Петербург кӯчида.

"Вазъият дар шаҳри Санкт-Петербург безеб аст. Аз ҳар ҷо боздошт карда, ба шуъбаҳои пулис мебаранд. Ҳама ҷо пур шудааст. Бачаҳо худатонро эҳтиёт кунед," – чунин паём додааст яке аз муҳоҷирон дар наворе, ки рӯзи 6-уми июн ба Радиои Озодӣ фиристод.

Тақрибан як моҳ боз боздошти муҳоҷирон ва фишор ба онҳо дар Русия афзудааст. Мақомоти Русия дар суҳбат ба расонаҳо инро санҷиши маъмулӣ гуфтаанд.

Дар Санкт-Петербург пас аз он боздошту тафтиши муҳоҷирон афзоиш ёфт, ки ҳафтае пеш гурӯҳе аз муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сохтмоне занозанӣ карданд.

Ҳомиёни муҳоҷирон мегӯянд, мақомоти рус чунин ҳолатҳоро барои саркӯби бештари муҳоҷирон истифода мекунанд. Ба қавли Муҳаммадҷон Собиров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, “ин як баҳона мешавад. Ҳатто одамонеро, ки ҳуҷҷат доранд, соатҳо бурда нигоҳ медоранд. Онҳоеро, ки ҳуҷҷат надоранд ё мушкили дигар доранд, аз Русия меронанд. Ҳатто мавридҳое ҳаст, ки ҳуҷҷатдорҳоро ихроҷ кардаанд."

Дар аксар шаҳрҳои Русия муҳоҷирон мегӯянд, қонунеро нақз накардаанд, вале бе далел ҷарима шуданд. Ба қавли онҳо, марказҳои савдое, ки муҳоҷирони тоҷик онҷо кор мекунанд, низ аз чашми пулис пинҳон намондааст.

Ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия корҳои сахту сангинеро анҷом медиҳанд, то зиндагии наздиконашонро дар Тоҷикистон бичархонанд.

Онҳо дар баробари кори сахту музди кам аз фишору азияти мақомоти Русия пайваста шикоят мекунанд. Фишоре, ки дар як моҳи ахир ба маротиб бештар шудааст ва маълум нест, кай муҳоҷирон нафаси сабук хоҳанд кашид.

Видеоро дар инҷо бинед:

Дар Русия "шикор"-и муҳоҷирони тоҷик хотима наёфтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG