Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ ҳукми Давлатмурод Тоҷимуродовро тағйир надод


Давлатмурод Тоҷимуродов
Давлатмурод Тоҷимуродов

Додгоҳи олии Узбекистон ҳукми гумонбари асосии ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон Давлатмурод Тоҷимуродовро, ки 16 сол аз озодӣ маҳрум шудааст, бетағйир гузошт.

Дар ин бора вакили дифои ӯ Сергей Майоров ба расонаҳо хабар дод. Ҳамчунин ҳукми рӯзноманигор ва муассиси "Makan.uz" Лолагул Каллихонова, ки дар доираи парвандаи ҳодисаҳои Нуқус 8 сол зиндонӣ шуда буд, бетағйир монд.

Додгоҳи олии Узбекистон ҳукми зиндони 6 гумонбарро ба ҳабси шартӣ иваз карда, ҷазои 6 нафари дигарро сабуктар намуд. Ҳукми 6 касро бетағйир гузошт.

Тоҷимуродов дар мурофиа дар хитоб ба иштирокдорон гуфтааст, "ноумед нашавед, қарақалпоқиҳо ба пеш!". Ӯ афзуда, ки аз рӯйи ин ҳукм ҳам шикоят мекунад.

"Ҳукм комилан ноодилона аст. Ман дербоз ин гапро мегӯям. Ин нишон медиҳад, ки мақомот ҳар чи хоҳанд, дар додгоҳ мекунанд. Додгоҳи мо, додгоҳи олии кишвар аз ҳукумат комилан вобаста аст", - изҳор доштааст Майоров дар шарҳи ҳукми Додгоҳи олии Узбекистон.

Рӯзи 31-уми январи имсол дар шаҳри Бухоро муҳокимаи парвандаи 22 тан аз иштирокдорони эътирозҳои Нуқус ба поён расид. Рӯзноманигор Давлатмурод Тоҷимуродов 16 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳ ҳамчунин 15 тани дигар аз иштирокдорони эътирозҳоро аз 3 то 8,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Эътирозҳо дар Қарақалпоқистони Узбекистон баъди он шуруъ шуданд, ки тарҳи нави Конститутсияи он кишвар нашр гардид. Дар тарҳи нав мақоми Қарақалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил бекор ва он аз ҳаққи хориҷ шудан аз ҳайати Узбекистон маҳрум гардида буд.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон рӯзҳои 1 ва 2-юми июли соли 2022 21 кас кушта, 243 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Бештар аз 500 кас боздошт шуда буд.

Баъди он ҳодисаҳо аз тағйир додани мақоми Қарақалпоқистон даст кашиданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG