Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири пешин ба ғасби рейдерии як меҳмонхона муттаҳам аст


Аристонбек Муҳаммадиулӣ
Аристонбек Муҳаммадиулӣ

Хадамоти мубориза ба зидди фасоди Қазоқистон вазири пешини фарҳанги ин кишвар Аристонбек Муҳаммадиулиро ба ғасби рейдерии як меҳмонхона муттаҳам кард.

Дар Хадамоти мубориза зидди фасоди Қазоқистон гуфтанд, тафтиши парвандаро аллакай ба поён расондаанд.

Ин изҳороти хадамот баъд аз нашри наворе аз рафти мурофиаи додгоҳии вазири пешин дар шабакаҳои иҷтимоӣ расонаӣ шуд.

Муҳаммадиулӣ дар навор мегӯяд, кормандони Хадамоти мубориза зидди фасоди Қазоқистон дар рафти тафтишот ӯро маҷбур карданд, ки меҳмонхонаи "Дипломат"-ро ба номи шахси севум гузаронад ва 111 миллион танга ҷуброн пардозад.

Дар хадамот гуфтанд, иддао асос надорад.

"Тафтиши парвандаи иловагӣ алайҳи Муҳаммадиулӣ ба гумони ғасби рейдерии меҳмонхонаи "Дипломат" ба анҷом расидааст. Муҳаммадиулӣ бо мақсади гурез аз ҷавобгарӣ тариқи гумроҳ кардани додгоҳ ва ҷомеа маълумоти дурӯғ пешниҳод кардаааст", - гуфта мешавад дар изҳороти хадамот.

Вазири пешини фарҳанги Қазоқистон аз 28-уми майи соли 2022 ба гумони дуздии беш аз 140 миллион тангаи буҷет дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Мақомоти зидди фасод дар Қазоқистон таҳқиқи фасодкории вазири пешинро рӯзи 16-уми майи соли гузашта шуруъ карда буданд. Муҳаммадиулӣ аз соли 2014 то 2019 вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG