Муовини нави президенти Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" рафтааст.
Антонелла Бассани рӯзи 5-уми июн дар Тоҷикистон буд.
Расонаҳои давлатии Тоҷикистон гуфтанд, ӯ бо ҷараёни кор "дар иншооти асосии нерӯгоҳ, аз ҷумла нақби сохтмонии қабати чорум, сарбанд, баромадгоҳи нақбҳои сохтмонии 3 ва 4, минтақаи обқабулкунии доимӣ" шинос гардид.
Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" аз тарҳҳои азими энержии Тоҷикистон аст.
Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ дар моҳи январи имсол гуфт, ба Тоҷикистон 15 миллион доллар грант ё ёрии бебозгашт медиҳад ва ин маблағ барои дастгирии фаннии тарҳи “Роғун” истифода хоҳад шуд.
Антонелла Бассани моҳи апрели имсол ба мақоми муовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ таъин шуд.
Ӯ дар сафари нахустинаш ба Тоҷикистон дар ин мақом рӯзи душанбе бо президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам дидору гуфтугӯ дошт.
Ба навиштаи вебсайти президент, дар ин мулоқот аз Бонки Ҷаҳонӣ барои ҳамкориву “30 соли шарикӣ”, аз ҷумла зиёда аз 2,7 миллиард доллар сармоягузории созмон ба 116 лоиҳа дар бахшҳои гуногуни Тоҷикистон ситоиш шудааст.
Гуфтугӯ