Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар кӯчаҳо ва рӯду ҷуйборҳо." Мушкили зарфҳои пластикӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Тоҷикистон ба коркарди беҳтари партовҳои пластикӣ ниёз доштааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:56 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Евгений Феденов, сокини шаҳри Душанбе, ҳар рӯз аз миёни партовгоҳҳо маводи пластикиро ҷамъ оварда, ба корхонае мефурӯшад. Барои як килои он ба ӯ ду сомонӣ медиҳанд. Чунин партовҳоро гоҳе аз кӯчаву хиёбону гулгаштҳо ва оби рӯду ҷуйборҳо низ пайдо мекунад.

“Сокинон барои партофтани партови хона бештар вақт кӯдаконро мефиристанд. Онҳо дар ними роҳ мегузоранду мераванд. Мо тоза мекунему мегирем,” – нақл кард Евгений Федонов рӯзи 5-уми июн.

Ҷамъоварандагони маводи пластикӣ зиёданд, аммо партовҳо ба ҳадде бештаранд, ки ҳамаи онро ба душворӣ мешавад, ғундошт. Ин аст, ки ҳомиёни муҳити зист аз хатари партовҳои пластикӣ ва зиёни он ба тандурустии сокинон ҳушдор дода, мегӯянд, бояд дар ин росто чораҳои ҷиддӣ андешида шавад.

Ба қавли эколог Муаззама Бурҳонова, “ҳоло дар Тоҷикистон фақат ҷамъоварии маводи пластикӣ ба роҳ монда шудааст, коркарди дурусти он вуҷуд надорад. Мебинед, ки партовгоҳҳоро дар як ҳолати ғайрисанитарӣ мекобанд. Таҷҳизоте ҳаст, ки онҳоро дубора коркард мекунанд. Ин ҳам дар шароити ифлос. Бо чунин раванд пластика тоза намешавад. Ин пасмондаҳо дар таркиби худ маводи зараровар доранд."

Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки зарфҳои пластикӣ баъд аз истифода дар ҷӯйбору кӯчаҳо партофта шудаанд. Баъзеҳо аз бетаваҷҷӯҳии сокинон ва бархе дигар аз норасоии партовгоҳҳо мегӯянд.

"Кори хуб нест. Муҳити зист чизи бисёр муҳим аст. Инсон ҳар чиро бояд дар ҷойи худаш гузорад, на дар хиёбону роҳравҳо,” – гуфт яке аз роҳгузарон дар Душанбе.

Дигаре афзуд, "дар баъзе аз ҷойҳо қуттии партов нест, рости гап. Мардум дар қади роҳу кӯчаҳо мегузоранд. Ҳеч кас экологияро риоя намекунад.”

Дар айни замон коркади дубораи маводи пластикӣ ба мушкили асосӣ табдил меёбад.

Наим Неъматзода, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, мегӯяд, “тибқи маълумоте, ки мо дорем, дар ҷумҳурӣ 51 корхонаи коркарди партов ҳаст. Аз ҷумла, 19 корхонаи коркарди партовҳои полиэтиленӣ. Ин корхонаҳо калон нестанд. Барои ҳалли мушкилот корхонаҳои азими коркарди партовҳо зарур аст. Дар баробари ин партови хонаву корхонаҳо бояд ба навъҳо ҷудо карда шаванд.”

Ҳомиёни табиат мегӯянд, дар баробари роҳи саноатии ҳалли мушкил бояд маърифати экологии шаҳрвандон низ боло бурда шавад. Он гоҳ, мумкин аст, натиҷаи беҳтаре ба даст ояд, дар акси ҳол пайомадҳои олудагии муҳит барои ҷомеа ба хатари бузург табдил хоҳад ёфт.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон тарҳеро ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки бар асоси он овардан ва истифодаи маводи яккаратаи пластикӣ бояд кам шавад. Ин тарҳ ҳоло баррасӣ мешавад, қабул нашудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG