Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия даҳҳо ҷонибдори Алексей Навалнийро боздошт карданд


Дар натиҷаи иқдоми эътирозӣ ба ҷонибдорӣ аз мухолифи зиндонӣ Алексей Навалний дар саросари Русия рӯзи якшанбе, 4-уми июн, беш аз 90 кас, аз ҷумла чаҳор ноболиғ, дастгир шуд.

Тарҳи ҳомии ҳуқуқи "ОВД-Инфо" иттилоъ додааст, ки танҳо дар шаҳри Маскав зиёда аз 50 ва дар шаҳри Санкт-Петербург беш аз 10 кас боздошт шуд.

Мухолифи рус Алексей Навалний, ки дар зиндони дорои низоми сахт нигаҳдорӣ мешавад, 4-уми июн 47-сола шуд. Ҷонибдорони Навалний дар хориҷ аз Русия низ ба тарафдорӣ аз ӯ тазоҳурот карданд.

Иқдоми ҷонибдорӣ аз Навалний дар Русия бидуни иҷозати расмӣ ва ба тарзе сурат гирифт, ки ба тазоҳурот монанд нест. Иштирокдорон тазоҳуроти инфиродӣ баргузор карда, ба роҳгузарон варақаҳо тақсим карданд.

Тибқи навиштаи "ОВД-Инфо", боздошти ҷонибдорони Навалний дар шаҳрҳои Барнаул, Елабуг, Красноярск, Маскав ва Санкт-Петербурги Русия сурат гирифтааст.

Алексей Навалний, мунтақиди сарсахти раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, соли 2021 дар Маскав, пас аз бозгашташ аз Олмон, ки дар он ҷо аз заҳролудшавӣ муолиҷа мегирифт, боздошт ва сипас ба зиндон маҳкум карда шуд. Вай Путинро ба суиқасд ба ҷонаш муттаҳам кард. Кремл ин иддаоро борҳо рад намудааст.

Мақомоти Русия соли 2021 сохтор ва тарҳҳои марбут ба сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалнийро тундгаро эълон карданд. Додгоҳ рӯзи 23-юми марти соли 2022 ӯро ба гуноҳи қаллобӣ ва таҳқири додрас ба 9 сол ҳабс маҳкум кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG