Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Reuters: Нахуствазири Қатар пинҳонӣ бо раҳбари Толибон вохӯрдааст


Як мақоми баландпояи Қатар дар гуфтугӯ бо раҳбари Толибон дар Қандаҳор дар мавриди чигунагии поён додан ба таниш миёни ҳукумати Толибон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳс кардааст.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Муҳаммад бин Абдураҳмон Оли Сонӣ, нахуствазири Қатар, ки вазири корҳои хориҷии он кишвар низ ҳаст, рӯзи 12-уми май бо Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода гуфтугӯ кардааст.

"Рейтерз" ба нақл аз як манбаи огоҳ, ки номашро ошкор накардааст, хабар дод, ки гуфтугӯи пинҳонӣ дар ҷараёни сафари Абдураҳмон Оли Сонӣ ба Қандаҳор сурат гирифт. Дар ҷараёни сафари dазири корҳои хориҷии Қатар ба Қандаҳор, Толибон таъйид карда буданд, ки бо Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд, нахуствазири онҳо дидор карда буд. Чанде баъд Толибон эълон карданд, ки Мавлавӣ Абдулкабир ҷойгузини Мулло Муҳаммад Ҳасан шудааст.

Илова бар ин, Мутлақ бин Моҷид Ал-Қаҳтонӣ, намояндаи вижаи Қатар дар мубориза бо терроризм низ ба Амрико рафтааст. Вазорати корҳои хориҷии Қатар рӯзи гузашта дар баёнияе навишт, ки Моҷид Ал-Қаҳтонӣ бо Томас Вест, намояндаи вижаи Иёлоти Муттаҳида дар умури Афғонистон низ дидор кардааст.

Таниш миёни Толибон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хотири риоят накардани ҳуқуқ башар, ба вижаи ҳуқуқи занон ва духтарон аз сӯи Толибон ва ончӣ ки набудани ҳукумати ҳамашумул хонда мешавад, ба миён омадааст.

Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, нахуствазири Қатар дар мулоқот бо раҳбари Толибон дар мавриди зарурияти аз байн бурдани маҳдудиятҳои таҳсили духтарон ва кори занон дар Созмони Милали Муттаҳид низ баҳс кардааст. Ин ки посухи раҳбари Толибон чӣ будааст, ҳанӯз маълум нест.

Аммо "Рейтерз" гуфтааст, ки Мулло Ҳайбатуллоҳ як рӯҳонии тундрав аст ва рағбати зиёде дар барои рафъи маҳдудиятҳои ҷоришуда нишон надода.

Пас аз бозгашт ба қудрат дар моҳи августи соли 2021, Толибон маҳдудиятҳои сахтеро бар таҳсил, кор ва мушорикати иҷтимоӣ ва сиёсии духтарон ва занони афғон ҷорӣ карданд, ки бо вокунишҳои ҷаҳонӣ рӯбарӯ шуд.

"Рейтерз" ҳамчунин менависад, ки ҳукумати Қатар ҳама ҷузъиёти ин сафарро бо Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико дар миён гузоштааст. Толибон ва Давлати Қатар ҳеч маълумоти расмӣ дар бораи ин мулоқот ироа накардаанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон ба пурсиши Радиои Озодӣ дар ин бора посухе надод. Аммо Саидакбар Оғо, яке аз афроди наздик ба Толибон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин дидор дар Кандаҳор анҷом шудааст.

"Рейтерз"аз дидори нахуствазири Қатар ва раҳбари Толибон дар ҳоле хабар медиҳад, ки пеш аз ин Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода аз мулоқот бо як ҳайати Созмони ҳамкории исломӣ худдорӣ карда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG