Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чанд бино зарари ночиз дид." Собянин гуфт, ба Маскав бо дрон ҳамла шудааст


Шаҳрдори Маскав гуфт, субҳи 30-юми май ба пойтахти Русия бо дрон ё ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳамла шудааст.

Сергей Собянин дар "Телеграм" навишт, бар асари ин ҳамла чанд бино зарар ночиз диданд.

Вай афзуд, то ҳамин лаҳза дар бораи ҷароҳати касе маълумот нарасидааст.

Бар пояи хабарҳо дар "Телеграм", субҳи 30-юми май дар вилояти Маскав беш аз даҳ ҳавопаймои бесарнишин безарар гардонида шуд.

Намояндаи хадамоти наҷоти Русия ба хабаргузории РИА Новости маълумот додааст, ки бар асари ҳамла ду манзили зист зарар дид. Ӯ илова кардааст, ки касе ҷароҳат набардошт.

Маълумоти хадамоти наҷоти Русияро ягон манбаи мустақил тасдиқ ё рад накардааст.

Дар ҳамин ҳол, мансабдорони украинӣ мегӯянд, субҳи 30-юми май шаҳри Киев, пойтахти Украина, бо ҳамлаи нави ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия рӯ ба рӯ шуд.

Дар натиҷа як кас ҷон бохта, чанд тани дигар захмӣ шуданд.

Шаҳрдори Киев Виталий Кличко дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст, ки хадамоти наҷот ба мардуми зарардида кумак расонида, бист нафарро ба ҷойи амн бурдаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG