Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҳавоии Русия ба Киев идома кард


Баъзе аз сокинони Киев дар истгоҳи метро пинҳон шудаанд
Баъзе аз сокинони Киев дар истгоҳи метро пинҳон шудаанд

Нерӯҳои Русия рӯзи 29-уми май аз ҳаво ба шаҳри Киев ҳамла карданд.

Бисёре аз сокинон маҷбур шудаанд, дар истгоҳи метро ва ё таҳхонаҳо пинҳон шаванд.

Шоҳидони айнӣ гуфтанд, дар Киев садои камаш даҳ таркиш шунида шуд.

Маъмурияти низомии шаҳр гуфт, нерӯҳои дифои ҳавоии Украина 11 мушаки "Искандар"-и Русияро дар фазои Киев заданд. Тасдиқи мустақилонаи ин иддао имконпазир нест.

Шаҳрдори Киев Виталий Кличко гуфт, "ҳамла идома дорад" ва аз сокинон хост, дар ҷойҳои худ бимонанд.

"Душман аз мушакҳои баллистикӣ, пеш аз ҳама, "Искандар" истифода кардааст. Мумкин аст, мушакҳои S-300 ва S-400 низ истифода шуда бошанд," -- гуфт Юрий Игнат, сухангӯйи нерӯҳои ҳавоии Украина.

Русия рӯзҳои охир ҳамлаи мушакӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба Украина сахттар кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG