Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатмкунандагони туркманро пеш аз имтиҳон ба хидмат мебаранд


Дар Туркманистон ҷалби донишомӯзоне ба сафи артиш мушоҳида мешавад, ки ҳанӯз имтиҳонҳои хатми мактабро насупурдаанд.

Имтиҳонҳои хатм дар ин кишвар аз 18 то 22-юми июни имсол мегузарад.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки дар баъзе аз мактабҳои Туркманистон санаи имтиҳонҳои хатмро тағйир дода, ба 13-уми июн кӯчондаанд.

"Ин тасмим барои он гирифта шудааст, ки бачаҳо ба хидмат раванд. Вазорати дифои Туркманистон ба раҳбарияти мактабҳо ва комиссияи тиббии комиссариатҳои ҳарбии маҳаллӣ дастур додааст, ки ин корро ташкил кунанд," -- гуфт хабарнигори бахши туркманиии Радиои Озодӣ.

Мавсими даъвати баҳории наваскарон дар Туркманистон имсол 18-19-уми июн ба поён мерасад ва мақомот талош доранд, ки нақшаи даъват то он рӯз иҷро шавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG