Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интихоботи Қирғизистон вакили пешин пешсаф аст


Дамира Ниёзалиева
Дамира Ниёзалиева

Раъйдиҳӣ дар интихоботи миёндавраии порлумонӣ дар Бишкек шоми 28-уми май ба поён расид.

Низоми иттилоотии интихоботӣ хабар дод, ки дар ин маърака аз 125 ҳазор сокини қобили раъйи ноҳияи Ленин ҳамагӣ ҳудуди 17 ҳазор кас ё 13,95% иштирок кардаанд.

Бино ба маълумоти ибтидоӣ, номзад Дамира Ниёзалиева, вакили пешини порлумони Қирғизистон дар интихоботи миёндавраӣ пешсаф аст. Вай ҳудуди 6 ҳазор овоз гирифтааст.

Натиҷаи ниҳоии раъйдиҳиро Кумисюни марказии интихоботии Қирғизистон баъд аз шумурдани дастии баргаҳои раъй хабар медиҳад.

Дар интихоботи миёндавраии рӯзи 28-уми май 29 номзад ширкат дошт. Барои иштирок ибтидо 49 нафар дархост дода буданд. Дертар қисме аз онҳо аз иштирок худдорӣ варзиданд.

Интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Ленини шаҳри Бишкек пас аз он эълом шуд, ки ваколатҳои вакил Жанибек Абиров пеш аз муҳлат қатъ гардид. Вай моҳи март аризаи қатъи салоҳиятҳои вакилиашро навишт. Ин ҳодиса баъди он сурат гирифт, ки навори иштироки Абиров дар як занозанӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG