Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Озод кунед." Талаби Freedom Now аз мақомоти Тоҷикистон


Freedom Now, созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, қароргоҳаш дар Вашингтон, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, вакилони мудофеи мустақилро, ки "бо ангезаҳои сиёсӣ дастгиру зиндонӣ шудаанд", раҳо кунанд.

Созмон рӯзи 26-уми май дар Твиттер аз Бузургмеҳр Ёров ва Манучеҳр Холиқназаров ном гирифт. Муаллифони изҳорот гуфтанд, "бисёре аз ҳуқуқдонҳои мустақил дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ боздошт шудаанд."

Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Бузургмеҳр Ёров дар соли 2015 дастгир ва дар умум ба 28 сол зиндон маҳкум гардид. Худаш ҳамвора гуфта, ки гуноҳ надорад. Як кумитаи Созмони Милал муҳокимаи ӯро ноодилона хонд ва аз ҳукумати Тоҷикистон хост, Бузургмеҳр Ёровро озод кунад.

Ҳоло парвандаи чаҳоруми вакили зиндониро барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодаанд. Худашу наздиконаш сохта меноманд.

Манучеҳр Холиқназаровро дар моҳи майи соли 2022, дар пасманзари ҳодисаҳои Бадахшон, дастгиру муҳокима карданд.

Ӯ мудири Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир буд ва моҳи ноябри соли 2021, баъд аз тазоҳуроти чоррӯза дар Хоруғ, ба “Комиссияи 44” пайваст. Аъзои Комиссия якҷо бо муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон марги Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа ва беназмиҳоро дар маркази ВМКБ таҳқиқ мекарданд.

Манучеҳр Холиқназаров
Манучеҳр Холиқназаров

Мақомот ӯро ба "ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ" гунаҳкор ва ба 16 сол зиндон маҳкум карданд. Худаш иттиҳомро рад кардааст. Freedom Now мегӯяд, Холиқназаров дар лаҳзаи боздошт ба таҳқиқи нақзи ҳуқуқи одамон ва бо роҳи осоишта ҳал кардани нооромиҳо дар Бадахшон машғул буд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, солҳои охир дар Тоҷикистон фаъолияти вакилони мудофеъ мушкил шудааст. Соли 2017 қарор шуд, ки танҳо шахсоне ҳаққи фаъолияти адвокатӣ доранд, ки иҷозатнома бигиранд.

Тоҷикистон баъд аз чунин "аттестатсия" зери танқид монд. Созмону кишварҳои ғарбӣ гуфтанд, мақомот бо ҳамин баҳона хостанд, аз вакилони дигарандеш халос шаванд.

Чанд вакили мудофеъ, ки аз ҳаққи мухолифони давлат ҳимоят мекарданд ё ҳукуматро ошкоро танқид кардаанд, паси панҷара рафтанд ва бархеи дигар кишварро тарк намуда, дар хориҷа паноҳанда шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG