Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Air Products дар Узбекистон $1 миллиард сармоягузорӣ мекунад


Ширкати амрикоии Air Products дар сохтмони корхонаи полоиши газ дар вилояти Қашқадарёи Узбекистон 1 миллиард доллар сармоягузорӣ мекунад. Дар ин бора аз Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва тиҷорати Узбекистон хабар доданд.

Созишномаи сармоягузорӣ миёни "Узбекнафтугаз" ва Air Products рӯзи 25-уми май дар шаҳри Тошканд баста шудааст.

Сейфи Гасем, мудири иҷроияи ширкати Air Products дар маросими имзои созишнома гуфтааст: "Созишномаи мазкур истеҳсоли сӯзишвории босифату арзонро таъмин ва талаботи рӯзафзуни мардумро қонеъ месозад".

Пештар Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон аз сохтмони ин корхона хабар дода буд.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ навишт, ки ба далели камбуди истихроҷи газ корхона дар муҳлати таъйиншуда ба кор напардохтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG