Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирлан Жеенчороев нахост, Омбудсмени Қирғизистон шавад


Мирлан Жеенчороев. Акс аз соли 2019
Мирлан Жеенчороев. Акс аз соли 2019

Вакили пешини порлумони Қирғизистон Мирлан Жеенчороев нахост, ки ба мақоми Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени он кишвар номзад шавад.

Номзадии Жеенчороевро ҷиноҳҳои порлумонии "Алянс" ва "Интимак" пешбарӣ карда буданд.

Мирлан Жеенчороев ҳамраиси ҳизби "Алянс" аст.

Ваколатдори пешини ҳуқуқи инсони Қирғизистон Атир Абдураҳматова рӯзи 3-юми май аз мансаб ронда шуд. Барканории Абдраҳматова бо ташаббуси ҷиноҳи порлумонии "Ата-Журт Қирғизистон" сурат гирифт.

Бакитбек Сиддиқов, раиси ҷиноҳи мазкур дар порлумон, гуфт, Абдураҳматова қариб як сол барои худ муовин таъйин накарда, 20 курсии дигарро дар дастгоҳи ваколатдор холӣ мондааст.

Ҳамчунин Сиддиқов гуфт, наздик ба 30 нафар аз коргарони ваколатдор зидди Абдураҳматова эътироз кардаанд. Сухангӯйи президенти Қирғизистон Эрбол Султонбоев низ пештар зидди Абдураҳматова ҳарф зад.

Баъзе аз созмонҳои байнулмилалӣ аз барканории Абдураҳматова изҳори нигаронӣ карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG