Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бодканд бинокорони хонаҳои осебдида дар низоъ эътироз карданд


Бодканд
Бодканд

Дар Бодканди Қирғизистон рӯзи 11-уми май наздик ба 20 бинокор, ки аз пардохт нашудани музди меҳнаташон шикоят доштанд, даст ба эътироз заданд. Эътирозгарон дар сохтмони манзилҳое кор мекунанд, ки дар низоъҳои марзӣ тахриб шуда буданд.

Норозиён гуфтанд, соҳибкори узбекистонӣ, ки барқарории деҳаи Достукро ба зимма гирифта буд, Қирғизистонро тарк ва бештар аз 7 миллион сомро напардохтааст.

Намояндаи мақомоти маҳаллӣ бо эътирозгарон мулоқот ва ваъдаи талоши ҳалли мушкили онҳоро додааст.

Пештар аз ин мақомоти Қирғизистон гуфта буданд, ки дар Бодканд сохтмони 78 манзил нотамом мондааст. Ин манзилҳо дар ҷараёни низои марзӣ бо Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2022 тахриб шуда буданд.

Сохтмони ин манзилҳоро ширкати "Амонат Курулуш Инвест" ба зимма гирифтааст. Ширкати мазкур дар вилояти Бодканд сохтмони 332 манзилро ба поён расонидааст.

Мақомоти Қирғизистон гуфта буданд, ки дар низои моҳи сентябри соли 2022 дар вилояти Бодканди он кишвар 661 манзил зиён дидааст, ки аз ин шумор 423 манзил қобили барқарорсозӣ нест. Ҳамчунин дар он низоъ, ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон, 14 мактаб, 5 муассисаи тиббӣ, 15 иншооти маъмурӣ, як пул ва иншооти дигар зиён дида буд.

Дар он низоъ, тавре мақомоти Қирғизистон гуфтанд, 63 қирғизистонӣ кушта ва бештар аз 200 тани дигар ҷароҳат бардоштааст.

Мақомоти Тоҷикистон аз 50 қурбонӣ хабар доданд, аммо расонаҳо теъдоди кушташудаҳоро 81 нафар эълон карданд. Расонаҳо ҳамчунин аз тахриби манзилҳои зист, мағозаҳо ва дигар иншооти сокинони Тоҷикистон хабар нашр карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG