Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асли "хати арабӣ" аз куҷост?


Ҳотам Файзуллоев
Ҳотам Файзуллоев

Ҳотам Файзуллоев, адиб

Дар дунё чанд забоне аст, ки таърихи тӯлонӣ дошта, ба фарҳанг ва зиндагии одамон кумаки фаровоне кардаанд. Бешак, яке аз онҳо форсӣ-тоҷикӣ аст. Забони чинӣ, санскритӣ, юнонӣ ва лотинӣ низ аз ин қабиланд, ки мероси пурарзиш ба шумор мераванд.

Башариятро месазад, дар баробари дигар забону гӯйишҳои хурду бузург, ки айни замон вуҷуд доранд, аз ин забонҳо ҳамаҷониба пуштибонӣ кунанд. Имрӯз мехоҳем, танҳо дар мавриди хати форсӣ бигӯем.

Бисёриҳо иштибоҳӣ ё ноогоҳона онро “тозӣ” яъне, арабӣ медонанд. Бовар доранд, ки пас аз фурӯпошии шоҳаншоҳии сосонӣ ва пирӯзии арабҳо ин тарзи навишт тавассути тозиён оварда ва аз сӯи эрониён қабул ва ҷойгузини хати паҳлавӣ гардидааст.

Чӣ гуна эрониён бо он тамаддуни ғанӣ, ки чанд хел хат ва гӯйишҳои бумӣ доштанд, якбора хатеро аз биёбонҳои хушку беҳосил ба ҷои хати куҳнаи худ ба кор бурданд?

Арабҳо хатеро, ки дар борааш сухан меронем, куфӣ меноманд. Онҳо нахустин бор дар Ҳайра ва Куфа дар Миёнрудон (Mesopotamia), минтақаи таърихии ғарбии Осиё, дар ҳудуди Ироқи имрӯза, бо хат ошно шуда, онро куфӣ номиданд. Пеш аз он бо хат ошно набуданд.

Ба гуфтаи Рукниддин Ҳумоюни Фаррух, шоир ва нависандаи эронӣ, онҳо хат надоштанд. Вай мегӯяд, хате, ки аз Ҳумейр ва Анбор ба Ҳиҷоз рафта, дар замони зуҳури дини ислом паҳн шуд, арабӣ нест, балки яке аз маъмулитарин хатҳои эронӣ буда, бо дигаргуниҳое барои навиштани забони арабӣ ба кор рафтааст.

Тағйири шакли алифбои эронӣ ба шакли имрӯза пас аз зуҳури дини ислом рўй дод, то омӯзиши он барои навомӯзони араб осон бошад.

Ҳайра сарзамине буд, дар наздикии марзи Фурот, дар Ироқи имрӯза ва мардуми ин шаҳр муҳоҷирони араб бо номи лахмиён буданд. Ҳокимони Ҳайра дастнишондаҳои шоҳаншоҳии сосонӣ ва тобеи Эрон буданд.

Дар он замон дабирони эронӣ тасмим гирифтанд, ки алифбои хати порсии миёнаи паҳлавиро каме дигар карда, бо афзудани ҳашт ҳарф (се, ҳе, итқе, изғе, сод, зод, айн, қоф) шумораи ҳарфҳоро ба сию ду расонанд.

Ҳарфи Те-и дастадор дар паҳлавии ашконӣ дида мешавад, вале дар паҳлавии сосонӣ ҷойи худро ба Те-и нуқтадор додааст.

Дар натиҷа, алифбое, ки имрӯза арабӣ хонда мешавад, хате гирифта аз хатҳои куҳнаи эронӣ аст. Агар ин хат арабӣ мебуд ва дар Арабистон ихтироъ ва истифода мешуд, пас, се суол ба миён меояд.

  • Якум. Чаро китоби муқаддаси Қуръонро бо он ба нигориш наёварданд ва чаро аъроб то ҳангоми хилофати Усмон ба гирдоварии Қуръон напардохтанд?
  • Дувум. Агар ин хат аз дер боз дар сарзамини Ҳиҷоз ва Макка ба кор бурда мешуд, пас, нишонаҳояш куҷост?
  • Саввум. Арабҳо пеш аз ислом на аз заминаҳои пайдоиши хат бархурдор буданд, на ба он ниёз доштанд. Калимаи хат баргирифта аз вожаи эронии куҳани "кат" аст, ки баъдан ба забони арабӣ роҳ ёфта, бо дасти фарҳангиёни порсӣ ба абзори навиштан даромад. Бояд зикр намуд, ки форсҳо нақши муҳиме дар такомули хати навиштории Қуръон ва хати арабӣ доштаанд.

Тасаввури бисёре аз мо, ки хати ҳозираи форсиро аз арабҳо гирифтаем, иштибоҳ аст. Хати форсӣ баъд аз ислом навъи такомулёфтае аз хат дар замони Ашкониён ва Сосониён, яъне паҳлавӣ ва авестоӣ буд.

Ин хат, ки дар садаҳои гузашта вориди Арабистон шуда, бо забони арабӣ мутобиқ гардонда шуда буд, бори дигар пас аз таҳоҷуми аъроб вориди Эрон гардид ва эрониён дар такомул ва табдили он ба ҳунари хушнависӣ нақши муҳиме доштаанд.

Эҷоди нуқта ва ишораҳо дар хати арабиро ба фарде бо номи Абусаъд Дуъалиюл Форсӣ дар қарни аввали ҳиҷрӣ нисбат додаанд, ки барои дуруст хондани Қуръон тавассути ғайри арабзабонон аз ҷумла, эрониён эҷод кардааст.

Форсҳо бар асоси ниёзи забонӣ алифбои форсиро қарнҳо пеш ба вуҷуд оварда буданд. Аз садаи сеюми ҳиҷрӣ ба иллати номанигориҳои девонӣ хатҳои монавӣ ва паҳлавӣ ҷои худро ба алифбои форсӣ дод. Аз решаи форсӣ, алифбои имрӯза мавсуф ба арабӣ метавон ба шабоҳатҳои хати авестоӣ ва куфӣ пай бурд.

Ногуфта намонад, ки пайдоиши хат дар ҳар замону макон ниёз ба маҳалле мувофиқ барои рушд ва такомул дорад, ки иқлими хушку беҳосили Арабистон унсурҳои онро дар ихтиёри аҳолии он вақтаи шабҳиҷазира қарор намедод.

Ба гузориши таърихнигорон дар саросари шибҳаҷазираи арабӣ ҳудуди 15 нафар саводи навиштан дар умури савдогариро доштаанд. Дар ҳоле ки хат дар императории Форс дар идораи давлатдорӣ дар замони Ашкониёну Сосониён ҳудуди ҳазор сол мавриди истифода ва фурсати такомул доштааст.

Напазируфтан ва ба кор набурдани чаҳор ҳарф (Г, Ч, П, Ж) аз суи тозиён сабаб гардид, ки онҳо ба ҷойи беҳсозии забони худ ба дасткорӣ дар дигар забонҳо бипардозанд ва бисёре аз вожаҳои зебою дилнишини эронӣ ва форсиро ба суи нобудӣ бибаранд. Забони тозӣ осебҳои ҷиддие бар забони форсӣ зад, ки бархе аз вожаҳи эронӣ нобуд ва ба дигаргунии забони форсӣ анҷомидааст.

То он андоза ин раванд густариш ёфтааст, ки ҳатто номи забони порсӣ ба форсӣ дигаргун шудааст.

Забон ва хати форсӣ тоҷикӣ дар тӯли қарнҳои гузашта бо ҳуҷуми як қатор кишварҳо аз ҷумла арабҳо ва баъдан муғулҳо дар хатари пурра аз байн рафтан қарор дошт, вале монд.

Сабаби аз байн нарафтани хат ва забони форсӣ ин асл будан ва дорои фарҳангу маданияти бою ғании он аст, ки истилогаронро низ шефтаи худ гардонид ва онҳо корҳои идорӣ ва давлатдории худро бо ин хату забон ба пеш мебурданд.

Таърих шоҳиди он аст, ки бо ҳуҷуми арабҳо чандин хату забонҳои гуногун аз байн рафт. Аз ҷумла, хат ва забони қадимаи Миср, Сурия ва Ироқ ба куллӣ нобуд гардида, ин кишварҳо имрӯз аз хату забони арабӣ истифода мекунанд дар ҳоле ки онҳо худро араб намедонанд.

Дар ин матлаб хостем, танҳо ҳақиқати таърихиро каме ҳам бошад, равшан созем. Ба забону фарҳанги ҳар як миллат бояд эҳтиром гузошт, аммо ҳақиқати таърихро набояд сарфи назар кард.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG