Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистону Чин мехоҳанд, гузаргоҳи севуми марзиро боз кунанд


Дар сарҳади Чину Қирғизистон, мумкин аст, як гузаргоҳи дигар боз шавад.

Сохтани гузаргоҳи севумро муовини раиси девони вазирони Қирғизистон Бакит Торобоев ва сафири Чин дар Қирғизистон Ду Дэвэн баррасӣ карданд.

Маркази матбуотии девони вазирони Қирғизистон ҷузъиёти гузаргоҳи навро шарҳ надода, танҳо гуфтааст, гузаргоҳи нав "Бедел" ном хоҳад дошт.

"Бедел" номи ағбаест, ки дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон бо Шинҷони Чин ҷойгир аст.

Ҳоло дар марзи ду кишвар ду гузаргоҳ - "Торугарт" ва "Иркештам" фаъол аст.

Муовини раиси девони вазирони Қирғизистон бо сафири Чин ба ҷуз аз гузаргоҳи марзӣ сохтани нерӯгоҳи барқиро дар дарёи Сари-Ҷази вилояти Иссиқкӯл баррасӣ кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG