Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду фармондеҳи "Ҷиҳоди исломӣ" дар мушакборони Ғазза кушта шудаанд


Дар натиҷаи мушакборони Ғазза аз сӯи артиши Исроил фармондеҳи ҳаракати "Ҷиҳоди исломӣ" ва муовинаш кушта шудааст. Дар ин бора хабаргузории Reuters шоми панҷшанбе, 11-уми хабар дод.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, дар умуму дар се рӯзи охир дар натиҷаи ҳамлаҳо панҷ фармондеҳи "Ҷиҳоди исломӣ" кушта шудааст.

Ба иттилои мақомоти тиббии Ғазза, дар ҳамлаҳои охири Исроил дар маҷмуъ 29 кас кушта, 92 тани дигар маҷруҳ шуданд.

Дар миёни кушташудаҳо 10 сокини осоишта ҳастанд. Созмони Милал марги сокинони осоиштаро ғайри қобили қабул номид.

Артиши Исроил мегӯяд, аз сӯи Ғазза ба Исроил на камтар аз 803 мушак партофтанд, ки аз ин шумор 620 мушак ба ҳудуди Исроил расид. Баъзе аз мушакҳо ба биноҳо расида, баъзеи дигар дар майдонҳои холӣ афтодаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG