Нашрияи "Ведомости" бо истинод ба омори Хадамоти федеролии амнияти Русия иттилоъ додааст, ки дар се моҳи аввали имсол 1 миллиону 300 ҳазор муҳоҷири корӣ ба Русия рафтаанд. Ин рақам назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 дарсад бештар аст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар се моҳи аввали имсол 630 ҳазору 859 муҳоҷири корӣ аз Узбекистон ба Русия рафтаанд. Бо ин теъдод муҳоҷир Узбекистон дар қатори аввал аст.
Тоҷикистон (349 ҳазору 357 кас) ва Қирғизистон (172 ҳазору 591 нафар) аз нигоҳи шумори муҳоҷиронашон, ки ба Русия мераванд, мутаносибан дар мақоми дувум ва севум қарор доранд.
Дар ин давра аз Арманистон 47 ҳазору 337 кас ва аз Қазоқистон 34 ҳазору 783 нафар барои кор ба Русия рафтааст.
Ин омори муҳоҷироне аст, ки қонунӣ дар Русия кор мекунанд. Шумори воқеии онҳо метавонад бештар аз ин бошад.
Гуфтугӯ