Вазирони корҳои хориҷии Эрон, Сурия, Туркия ва Русия рӯзи чаҳоршанбеи 10-уми май бо ҳадафи беҳбуд бахшидани робитаҳои ҳукумати Башор Асад, президенти Сурия бо қудратҳои минтақа пас аз як даҳа дар ҳошия қарор гирифтани ин кишвар, дар Маскав мулоқот ва гуфтугӯ карданд.
Ин гуфтугӯ дар сатҳи боло ва ба ҳадафи барқарории муносибатҳои Анқара ва Димишқ пас аз солҳо робитаҳои душманона дар даврони ҷанги дохилии Сурия, байни вазирони корҳои хориҷии чаҳор кишвар анҷом гирифт.
Хабаргузории давлатии Сурия ба нақл аз Файсал Миқдод, вазири корҳои хориҷии Сурия навиштааст, "бо вуҷуди ҳама рӯйдодҳои манфии солҳои қабл, фурсате пеш омадааст, то Димишқ ва Анкара бо якдигар ҳамкорӣ кунанд".
Бо ин ҳол, муҳимтарин чиз барои ҳукумати Сурия, поён ёфтани ҳузури ҳамаи низомиёни хориҷӣ, аз ҷумла низомиёни Туркия дар хоки Сурия аст. Оқои Миқдод дар ин бора изҳор дошт, "агар ба ин самт пеш наравем, ҳамкорӣ накунем, дар амал ба ҳеҷ натиҷае нахоҳем расид".
Дар ҳоли ҳозир минтақаҳое дар шимол-ғарби Сурия зери назорати гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Башор Асад, ва аз ҷумла, гурӯҳҳои мусаллаҳи таҳти ҳимояти Туркия аст.
Вазорати корҳои хориҷии Русия бо нашрия баёнияе эълон кард, "фазое мусбат ва созанда" дар ин мулоқот ҳукмфармо буд ва муовинони вазирони корҳои хориҷии чаҳор кишвар вазифадор шуданд, ки нақшаи роҳеро барои беҳбуди робитаҳои Сурия ва Туркия таҳия кунанд".
Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия дар ҳисоби "Твиттер"-и худ навишт, ки ин мулоқот бар зарурати "ҳамкорӣ барои мубориза алайҳи терроризм ва фароҳам овардани замина барои бозгашти оворагони суриягӣ", таъкид кардааст.
Туркия дар ҳоли ҳозир мизбони 3,5 миллион паноҳандаи суриягӣ аст.
Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон низ, ки барои ширкат дар ин нишаст ба Маскав сафар карда буд, ба хабарнигорон гуфт, "соли гузашта минтақаи Ховари Миёна дар шароити бисёр душворе қарор дошт ва эҳтимоли сар задани даргирӣ дар минтақаҳои низомии Сурия аз сӯи Туркия қувват гирифта буд. Талошҳои дипломатии зиёде сурат гирифт, то монеи сар задани як ҷанг ва даргирии нав дар минтақа ва дар марзи муштараки Туркия ва Сурия шавем".
Ин мулоқот, болотарин сатҳи дидори мақомоти дипломатии Анқара ва Димишқ аз замони оғози ҷанги дохилии Сурия будааст. Дар моҳи декабри соли гузашта низ вазирони дифои Сурия ва Туркия дар Маскав бо ҳам дидор карда буданд.
Гуфтугӯ