Дар пайи боздошти Имрон Хон, нахуствазири пешини Покистон, вазъ дар Исломобод ва шуморе аз шаҳрҳое, ки Ҷунбиши инсофи зери раҳбарии ӯ тарафдорони фаровон дорад, печида ба назар мерасад.
Бо онки, пулис ҳушдор дод, ки алайҳи эътирозгарони тарафдори Имрон Хон вокуниш хоҳад кард, аммо тибқи гузоришҳо, тарафдорони Ҷунбиши инсофи Покистон шаби гузашта ба кӯчаҳо баромаданд.
Мақомоти Ҷунбиши инсофи Покистон мегӯянд, Имрон Хон рӯзи душанбеи 9-уми май ба иттиҳоми даст доштан дар фасоди молӣ дар сандуқи амонати "Ал-Қодир", ҳангоми ворид шудан ба бинои Додгоҳи олии Исломобод аз сӯи маъмурони амниятӣ боздошт шуд. Дар ин сандуқ барои бунёди Донишгоҳи Ал-Қодир пул ҷамъоварӣ мешавад. Имрон Хон, ки даст доштан дар фасоди молиро рад мекунад, барои ширкат дар ҷаласаи додгоҳӣ ҳозир шуда буд.
Ин донишгоҳ аз сӯи Имрон Хон, ҳамсараш ва ду ҳамкори наздикаш таъсис шуда, бино ба гузоришҳои расонаҳои покистонӣ, онҳо низ дар ин қазия дахил мебошанд. Мақомот мегӯянд, будҷаи Покистон дар натиҷаи фасоди идорӣ миллионҳо доллар зиён дидааст.
Илова бар ин қазия, Имрон Хон дар чандин қазияи дигар низ муттаҳам аст.
Фуод Чударӣ, як мақоми баландпояи Ҷунбиши инсофи Покистон гуфт, ки Имрон Хон дар бинои Додгоҳи зидди фасод тавассути пулис дастгир шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳ ба сар мебарад. Ӯ боздошти Имрон Хонро "одамрабоӣ" номид.
Расонаҳо наворҳое аз боздошти Имрон Хонро нашр карданд, ки нерӯҳои амниятӣ ӯро ба тарафи як мошини зиреҳӣ бо худ мебаранд. Дар наворҳои видеоӣ саҳнаҳои ҳарҷу марҷ дар назди додгоҳ низ дида мешавад, ки садҳо тан аз ҳаводорони Имрон Хонро дар ҳоли даргирӣ бо нерӯҳои амниятӣ нишон медиҳад.
Эҳтимоли эътирозҳои бештар ба тарафдорӣ аз Имрон Хон дар Покистон вуҷуд дорад. Шаби гузашта дар чандин шаҳри Покистон миёни нерӯҳои интизомӣ ва тарафдорони Имрон Хон занозанӣ сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки дар пайи боздошти Имрон Хон, шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, Фейсбук, Ютюб ва Твиттер дар саросари ин кишвар масдуд шудааст. Расонаҳо навиштанд, ки дар бархе минтақаҳои Покистон мақомот дастрасӣ ба интернетро қатъ қардаанд.
Ҷунбиши инсоф аз ин иқдом ба Додгоҳи олии Покистон шикоят карда, дар мавриди боздошти Имрон Хон ва иттиҳоми воридшуда ба вай, аз пулис шарҳ хостааст.
Масъулини Идораи миллии молӣ гуфтаанд, ки ҳафтаи гузашта дастури боздошти Имрон Хонро дар як қазияи нави фасоди молӣ содир карданд.
Имрон Хон як рӯз баъд аз он боздошт шуд, ки як генерали артишро ба даст доштан дар талоши сӯиқасд ба ҷони вай дар соли гузашта муттаҳам кард. Аммо артиши Покистон ин иттиҳомро рад ва онро беасос хонд.
Имрон Хон дар моҳи апрели соли гузашта пас аз нобоварии порлумон ба вай, аз мақомаш барканор шуд. Аммо вай иддао кард, ки барканории вай ғайриқонунӣ ва натиҷаи тавтеаҳои Ғарб будааст. Сипас Имрон Хон муборизаро алайҳи ҷойнишинаш Шаҳбоз Шариф оғоз кард ва хостори баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат шуд.
Гуфтугӯ