Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон 15 тюлени мурдаро пайдо карданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Кумитаи моҳипарварии Вазорати экологияи Қазоқистон хабар додааст, ки дар соҳили баҳри Хазар, дар ҳудуди ин кишвар 15 тюлен ё саги дарёии мурдаро пайдо карданд.

Пулиси Қазоқистон дар робита ба ин ҳодиса парванда боз кардааст. Мутахассисон об ва ҳаворо месанҷанд.

Қаблан, рӯзи 8--уми ноябри соли 2022 Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти экологии Осиёи Марказӣ хабар дода буд, ки дар соҳили баҳри Хазар, дар ҳудуди вилояти Манғистауи Қазоқистон беш аз 100 тюлен мурдаро пайдо кардаанд.

Ин нахустин ҳолати пайдошавии тюленҳои мурда дар соҳили баҳри Хазар нест. Расонаи маҳаллии "Lada.kz" моҳи августи ҳамон сол хабар дода буд, ки дар минтақаи бандари Форт-Шевченкои Манғистау 64 тюлени мурда пайдо шудааст.

Тюлен ба китобҳои Сурхи Қазоқистон ва Русия шомил шудааст.

XS
SM
MD
LG