Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Парвандаи Кампиробод": чаҳор фаъол ва сиёсатмадорро дар ҳабс боқӣ монданд


Равшан Ҷеенбеков
Равшан Ҷеенбеков

Додгоҳи шаҳрии Бишкеки Қирғизистон рӯзи 2 май Равшан Ҷеенбеков, Рита Карасартова, Илгиз Шаменов ва Оқил Айтбоевро дар доираи "Парвандаи Кампиробод" дар ҳабс боқӣ гузошт.

Онҳо то 20 июни соли ҷорӣ дар ҳабс боқӣ хоҳанд монд. Дар ин бора вакили мудофеъ Бакитбек Автандил хабар дод, ки аз ҳуқуқҳои Шаменов ҳимоят мекунад.

Рита Карасартова - ягона зан аз ҷумлаи гумонбарони "Парвандаи Кампиробод" аст, ки дар ҳабс боқӣ гузошта шудааст.

Додгоҳи шаҳрии Бишкек ҳамчунин рӯзи 2 май фаъоли шаҳрвандӣ Эрлан Бекчороро дар ҳабс боқӣ гузошт. Бекчоро дар доираи парвандаи маъруф ба Кампиробод боздошт шудааст. Вай то 20 июни соли ҷорӣ дар ҳабс боқӣ хоҳад монд.

Кантемир Турдалиев, вакили мудофеи Бекчоро гуфт, нисбати нафари таҳти ҳимояи вай бо моддаи "Ғасби худсаронаи ҳокимият" айби нав эълом кардаанд.

Дар мурофиаи ахир ба хешовандони Бекчоро иҷозаи ҳузур дар толори додгоҳро надодаанд.

Рӯзи 22 октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд ва дар маҷмуъ 26 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG