Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаримаи як маъюб барои убури роҳе, ки блогери озарӣ аз он мегузашт


Қиёмиддин Абдулаҳадов, маъюбе, ки барои убури роҳи блогери озарӣ ҷарима шуд.
Қиёмиддин Абдулаҳадов, маъюбе, ки барои убури роҳи блогери озарӣ ҷарима шуд.

Як сокини маъюби Душанбе мегӯяд, рӯзи 28-уми апрел нозирони роҳ ӯро барои ҳаракат дар роҳе, ки аз онҷо корвони мошинҳои Ҳусейн Ҳасанов блогери озаритабор мегузашт, ҷарима кардаанд.

Қиёмиддин Абдулаҳадов, сокини 46-солаи Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамон рӯз роҳ ба маркази шаҳрро барои убури корвони мошинҳои Ҳусейн Ҳасанов муваққатан баста буданд ва ҳангоми гузаштан аз роҳ нозирони милиса ӯро боздошту ҷарима карданд.

Нозирони роҳ Қиёмиддин Абдулаҳадовро, ки ба мусофиркашӣ машғул будааст, барои эътироз ва “мусофиркашии ғайриқонунӣ” 680 сомонӣ ҷарима карданд, ки бештар аз нафақаи маъюбиаш аст.

Назари пулиси роҳ ба ин иддаои Абдулаҳадов маълум нест. Ин сокини Душанбе аз ҳарду пояш маҳрум аст.

Ҳусейн Ҳасанов, блогери озаритабор бо даъвати Исмоили Маҳмадзоҳир, набераи Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон омад.

Шеваи пешвози ӯро, ки мисли раҳбарони кишварҳои хориҷӣ буд, мухолифону фаъолони сиёсӣ сахт танқид карданд, чун ба гуфтаи онҳо, барои пешвози бодабдаба ва сафари хусусии як блоггер пули мардум харҷ мешавад.

XS
SM
MD
LG