Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Рафтори нерӯҳои қирғиз ва тоҷик дар даргирии соли 2022 “эҳтимол баробар ба ҷинояти ҷангист". ВИДЕО


Крис Риклтон, Алмато

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) гуфт, нерӯҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон дар даргирии марзии моҳи сентябри соли 2022 ба иқдомҳое даст задаанд, ки дарбаргирандаи "мавридҳои ҷиддии нақзи қонунҳои ҷанг" аст. Дар ин даргириҳо, ки чаҳор рӯз идома дошт, беш аз 100 тан аз низомиён ва ғайринизомиён аз ҳарду тараф кушта шудаанд.

Гузориши нави HRW рӯзи 2-юми май нашр шуд. Ин гузориши нахустин аз сӯи як созмони ҷаҳонии нозир бар ҳуқуқи башар аз замони вуқӯи яке аз маргбортарин ҳодисаҳо дар фароянди ихтилофоти марзӣ байни ин ду кишвари Осиёи Миёна аст – ихтилофоте, ки реша дар тақсимоти марзии ин ду ҷумҳурии собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дорад.

HRW низоъ дар марзи Тоҷикистонро таҳқиқ кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:31 0:00

Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, бисёре аз амалҳои анҷомшуда аз сӯи ду кишвар дар ончи дувумин даргирии густарда дар давоми ихтилофҳои марзӣ дар 18 моҳи гузашта буд, "эҳтимолан баробар бо ҷароими ҷангист".

Мавридҳое, ки дар гузориш барҷаста шуда, шомили ҳамла ба худравҳои ғайринизомӣ ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ, истифодаи «номуназзам» аз маводди тарканда, куштори ғайриқонунӣ тавассути низомиён ва оташ задани хонаҳо ва зерсохтҳои иҷтимоӣ мешавад.

Дар маҷмуъе аз тавсияҳо, ин гурӯҳ аз ҳукуматҳои ҳарду кишвар хостааст, ки сабабгорони «мавориди ҷиддии нақзи ҳуқуқи башардӯстонаи байнулмилалӣ»-ро ҷазо диҳанд ва ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи худро дар боби риояи қонунҳои башардӯстонаи байнулмилалӣ дар шароити ҷангӣ омӯзиш диҳанд.

Ин гурӯҳ ҳамчунин мегӯяд, ҳар тавофуқе, ки дар музокироти марзӣ ҳосил мешавад, бояд ҳуқуқи мардуми маҳаллӣ "ба омӯзишу парвариш, маскани муносиб ва об"-ро дар ин минтақаи ҳосилхез ва дар айни ҳол пурҷамъият ва муҳтоҷи об ба расмият бишносад.

Гузориши 89-саҳифаии Дидбони Ҳуқуқи Башар

  • бо анҷоми 86 мусоҳиба, аз ҷумла 69 мусоҳиба бо шоҳидони айнӣ, қурбониён ё бастагони қурбониён;
  • 10 рӯзи таҳқиқот дар маҳал дар моҳҳои октябр ва ноябри 2022;
  • баррасии ҳуҷҷатҳои пизишкӣ ва асноди дигар;
  • баррасии тасвирҳои моҳвораӣ;
  • баррасӣ ва тасдиқи 12 видео, ки ҳамлаҳо ва пайомадҳои онҳоро нишон медиҳанд;
  • моделсозии себуъдӣ барои таҳлили таъсири як ҳамла бо бомбаи ҳидояти лейзерӣ ва ҳамлаҳо ба васоили нақлияи пизишкӣ таҳия шудааст.

Видео аз Дидбони Ҳуқуқи Башар:

"Қонунҳои ҷангро бояд риоят кунанд"

Ин гузориш бештар ба таъсири даргирӣ дар зиндагии ғайринизомиён тамаркуз дорад, то низомиён.

Дидбони Ҳуқуқи Башар 37 маврид аз талафоти ғайринизомӣ, аз ҷумла панҷ кӯдак ва маҷрӯҳ шудани 36 тани дигар аз ҳарду тарафро ҳуҷҷат кардааст. Аммо ба гуфтаи ин созмон, «бо таваҷҷуҳ ба гузоришҳои расонаҳо ва феҳристҳои расмии қурбониён, теъдоди талафот метавонад ба 51 мавриди кушта шудан ва 121 мавриди захмӣ шудани ғайринизомиён бирасад», бе он ки талафоти низомиён дар назар гирифта шуда бошад.

Беш аз 100000 нафар дар Қирғизистон дар ҷараёни даргирӣ овора шудаанд. Тоҷикистон оморе аз теъдоди оворагон дар ҷараёни даргирӣ мунташир накардааст.

Қабл аз моҳи апрели 2021 – замоне ки даҳҳо нафар дар задухӯрдҳои маргбор ҷони худро аз даст доданд, доманаи даргирӣ ин андоза густариш пайдо намекард ё ба басиҷи низомии комил дар тӯли марз сабаб намешуд.

Дар гузориш дар мавриди ин ки кадом яке аз тарафҳо сабабгори даргирии моҳи сентябр шуд ё ин даргириро оғоз кард, сухане дар миён нест.

Содир Ҷабборов (Жапаров), раиси ҷумҳурии Қирғизистон, чанд рӯз пас аз ин даргирӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки Тоҷикистон ба Қирғизистон "ҳамла" кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Қирғизистонро ба "ҳамла ба хоки Тоҷикистон дар тамомии имтидоди хатти марз бо Қирғизистон" муттаҳам кард.

Жон-Боптист Голупин, пажӯҳишгари аршади буҳрон ва низоъ дар созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар, дар мусоҳибае бо Радиои Озодӣ пеш аз нашри гузориш гуфт, қонунҳои байнулмилалии башардӯстона «дар мавриди ҳамаи тарафҳои даргирӣ ба таври яксон иҷро мешавад».

Голупин афзуд: «Як артиш чи дар ҳоли ҳамла бошад ва чи дар ҳоли дифоъ, боз ҳам вазифадор аст қонунҳои ҷангро риоят кунад. Яъне асли фарқ гузоштан байни ҳадафҳои низомию ғайринизомӣ ва асли таносуб дар истифода аз нерӯ бисёр муҳим аст».

Ҳамла бо бесарнишин

Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, бавижа дар севумин рӯзи даргирӣ, 16-уми сентябр, мавридҳои фаровони нақзи қонунҳои ҷанг ва қонунҳои башардӯстона сабт шудааст.

Овчӣ-Қалъача, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, моҳи сентябри 2022
Овчӣ-Қалъача, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, моҳи сентябри 2022

«Шавоҳид нишон медиҳад, ки тақрибан соати 5-и баъд аз зуҳри он рӯз, дақоиқе пас аз расидани нерӯҳои Тоҷикистон ба майдони марказии Овчи-Қалъача, шаҳраки марзии ин кишвар, нерӯҳои Қирғизистон аз як паҳподи Байрақдор-2 барои андохтани бомбаи ҳидояти лейзерӣ дар наздикии неруҳои тоҷик истифода карданд.”

Дидбони Ҳуқуқи Башар ин ҳамларо “номутаносиб ва беравия” хонда ва мегӯяд, бомба замоне мунфаҷир шуд, ки мардуми маҳаллӣ пас аз намози ҷаноза дар канори масҷид ҷамъ шуда буданд, дар натиҷа 10 тан кушта ва 13 тани дигар захмӣ шуданд.

Дар гузориш омадааст, ки ҳамон рӯз сарбозони тоҷик низ борҳо ба худравҳои ҳомили ғайринизомиёни қирғиз, ки дар ҳоли фирор аз ҷанг буданд, тирандозӣ кардаанд.

Як зани қирғиз дар мусоҳиба бо ин созмон гуфтааст, пас аз тирандозии сарбозони тоҷик ба сӯи онҳо ва маҷрӯҳ шудани шавҳар ва писараш, хонаводааш аз худрави худ берун ҷаҳиданд, то дар сурати таркиш дар он кушта нашаванд.

Ӯ гуфтааст, хонавода барои муддате беҳаракат дароз кашида буданд, аммо сарбозони тоҷик пас аз ҳаракат дубора ба самти онҳо тирандозӣ карданд.

Тирандозӣ ба Ёрии таъҷилӣ

Дар ин гузориш ҳамчунин омада, ки ҷангҷӯёни қирғиз эҳтимол ба самти амбулансҳо ё мошинҳои ёрии таъҷилӣ, ки таҳти қонунҳои башардӯстона аз ҳимояти вижа бархурдор ҳастанд, тирандозӣ кардаанд.

Исфара, акс аз моҳи январи 2022
Исфара, акс аз моҳи январи 2022

Ҳамла ба ду мошини ёрии таъҷилӣ "бо нишонаҳои возеҳ" ва як худрави шахсии ҳомили ғайринизомиён бар рӯи пуле дар наздикии деҳаи “Чорбоғ”-и Тоҷикистон 10 кушта, аз ҷумла чаҳор кӯдак ва ду корманди беҳдоштӣ, барҷой гузоштааст.

Дидбони Ҳуқуқи Башар бо истифода аз моделсозии себуъдӣ ин ҳамларо бозсозӣ карда ва ба ин натиҷа расидааст, ки ин ҳамла аз рустои Дӯстуки Қирғизистон дар ҳудуди 110 метр дуртар аз маҳали ҳодиса сурат гирифтааст.

Ин гурӯҳ хотирнишон мекунад, ки “ҳамлаи мустақим ва барқасдона ба мошинҳои ёрии таъҷилӣ ҳангоме, ки аломатҳои мушаххас доранд, тибқи Асосномаи Додгоҳи Ҷиноии Байнулмилалӣ навъе ҷинояти ҷангӣ дар ҷараёни даргирии мусаллаҳонаи байнулмилалӣ муқаррар шудааст».

“Аз даргириҳои ваҳшатнок хаста шудаанд”

Гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар нишон медиҳад, ки нерӯҳои Тоҷикистон чанде аз рустоҳои қирғизнишинро дар ҷараёни даргирӣ ба тасарруфи худ дароварда ва чандин русторо тақрибан вайрон кардаанд.

Рӯзи 16-уми сентябр “нерӯҳои Тоҷикистон ба нерӯҳои қирғиз ҳамла карданд ва ҳамроҳи шахсоне дар либоси ғайринизомӣ, ки ба тоҷикӣ суҳбат мекарданд, вориди рустоҳои қирғизнишин дар марз шуданд.” Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, “тайи ин ҳамла нерӯҳои Тоҷикистон ҳадди ақал шаш мард аз ҷумлаи ғайринизомиёни қирғиз, аз ҷумла се нафарро, ки зоҳиран дар ҳоли фирор буданд ва ду нафари дигарро ба таври ғайриқонунӣ ба қатл расондаанд.”

Ба навиштаи HRW, ин тасарруфи кӯтоҳи рустоҳои қирғизнишин ба ғорати густарда аз сӯи тоҷиконе, ки либоси шаҳрвандӣ дар бар доштанд ва «зери назари низомиёни тоҷик» анҷомидааст. Аз ҷумла садҳо хона ва кӯдакистонҳо, мактабҳо, марокизи дармонӣ ва сохтмонҳои идорӣ «дар талоше ошкор барои поксозии минтақа аз ҷамъият» сӯзонда шудаанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар тавсияи ҷудогонае барои давлати Тоҷикистон барои таҳқиқу баррасии ин рӯйдодҳо содир кардааст.

Тақрибан ниме аз марзи 970-987-километрии Қирғизистону Тоҷикистон ҳанӯз мушаххас нашудааст. Содир Ҷабборов (Жапаров), раиси ҷумҳурии Қирғизистон, рӯзи 17-уми апрел гуфт, ки пешрафт дар таъйини хати марз "кунд" шуда ва такяи Тоҷикистон ба нақшаи соли 1924-ро далели ин амр донист.

Вай гуфт: “Порсол гуфта будам, ки то моҳи май ин корҳо анҷом мешавад, чун тарафҳо тавофуқ карданд ва кор басуръат пеш мерафт. Мутаассифона, ин корҳо иҷро нашуд».

Ҷониби Тоҷикистон дар бораи пешрафти музокирот изҳори назаре накардааст.

Жон-Бостист Голупин, пажӯҳишгари Дидбони Ҳуқуқи Башар, мегӯяд, тоҷикон ва қирғизҳои марзнишин бо таваҷҷуҳ ба ин ки зиндагияшон бар асари даргириҳо дар солҳои ахир зерурӯ шуда, хаста ва ташнаи сулҳ ҳастанд.

Вай ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мусоҳибаҳои мо бо мардуми маҳаллӣ дар ҳарду тарафи марз нишон дод, ки мардуми маҳаллӣ аз ин даргириҳои ваҳшатнок хаста шуда ва баростӣ муштоқи сулҳу оромиш ҳастанд.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG