Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон: Дар даргирии марзӣ 92 хона комилан вайрон шуд


Яке аз хонаҳои вайроншуда дар Исфара
Яке аз хонаҳои вайроншуда дар Исфара

Бино ба гузориши нави мақомоти Тоҷикистон, дар ҷараёни муноқишаи маргбор дар марз бо Қирғизистон дар моҳи сентябри имсол, дар умум 92 хона комилан вайрон шуда, 322 хонаи дигар осеб дидааст.

Дар гузорише, ки мақомот дар ихтиёри муассисаҳои имдодӣ гузоштаанд ва Радиои Озодӣ ҳам онро дид, омадааст, дар муноқишаи рӯзҳои 14-17-уми сентябр 1 мактаб ба тамом аз байн рафта ва 5 мактабу ду масҷид нимавайрон шудаанд.

Бар асоси ин гузориш дар низоъ 41 ғайринизомӣ ҷон бохта ва 204 нафар маҷруҳ шудаанд. Радиои Озодӣ бо истифода аз манобеи худ, хешовандон, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мақомоти маҳаллӣ номи 84 ғайринизомӣ ва неруҳои амниятиро гирд овард, ки дар муноқиша кушта шудаанд.

Мақомоти Қирғизистон аз талафоти 63 нафар ва маҷруҳ шудани даҳҳо тани дигар гузориш додаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG