Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйпурсие, ки роҳи Шавкат Мирзиёевро то соли 2040 "дароз мекунад" ВИДЕО


Шавкат Мирзиёев бо аҳли хонаводааш дар яке аз марказҳои раъйдиҳии шаҳри Тошканд дар рӯзи 30-уми апрел.
Шавкат Мирзиёев бо аҳли хонаводааш дар яке аз марказҳои раъйдиҳии шаҳри Тошканд дар рӯзи 30-уми апрел.

Дар Узбекистон раъйпурсии умумӣ дар бораи тағйиру ислоҳот ба Қонуни асосӣ идома дорад, ки роҳро барои то соли 2040 дар қудрат мондани раиси ҷумҳур Шавкат Мирзиёев ҳамвор мекунад.

Дар Узбекистон раъйпурсии умумӣ дар бораи тағйиру ислоҳот ба Қонуни асосӣ идома дорад, ки роҳро барои то соли 2040 дар қудрат мондани раиси ҷумҳур Шавкат Мирзиёев ҳамвор мекунад.

Интизор меравад, дар ин ҳамапурсии рӯзи 30-уми апрел мардум ислоҳу тағйирот дар тарҳи пешниҳодии Конститутсияро тарафдорӣ кунанд, ки аз ҷумла аз 5 то ба 7 сол дароз кардани як давраи раёсати ҷумҳуриро ҳам дар бар мегирад. Бар асоси дигар тағйирот, Шавкат Мирзиёеви 65-сола ҳақ пайдо мекунад, ки ду дафъаи дигар президент шавад ва то соли 2040 дар ҳукумат бимонад.

Мақомот мегӯянд, ки ҳадафи ислоҳу тағйирот дар Қонуни асосӣ, беҳтар кардани мудирият дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон аст, ки зиндагии мардум дар он сахт назорат мешавад. Мақомот бо маъракаҳои тарғиботӣ, аз ҷумла раҳпаймоиву консерту дигар чорабиниҳо мардумро ба ширкат дар ҳамапурсӣ тарғиб мекарданд.

Шаҳрвандони Ӯзбекистон дар назархоҳӣ барои тағйири сарқонуни кишварашон овоз медиҳанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:24 0:00

Рӯзи ҳамапурсӣ дар бораи қонуншиканиҳо дар ҳавзаҳо гузоришҳои пароканда мерасид. Аз ҷумла вебсайти Gazeta.uz навишт, ки ба ҷойи аъзои оила раъй додани як нафар дида шудааст ва мақомот донишҷӯёнро маҷбур мекардаанд, ки аксашонро ҳангоми ҳузур дар марказҳои раъйдиҳӣ нишон бидиҳанд. Бино ба як гузориши дигар, мардумро дар чанд маркази раъйдиҳӣ бо палав зиёфат мекарданд.

Шавкат Мирзиёев, соли 2016 ва пас аз марги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон ба қудрат, расид, ки ҳукуматдории саркӯбгарона дошт ва муносибат бо Тоҷикистонро ба поинтарин сатҳ расонда буд.

Мирзиёев, ки дар даврони ӯ нахуствазир буд, баъди расидан ба мақоми раиси ҷумҳур ислоҳотеро ба роҳ андохт, афроди содиқ ба Каримовро аз ҳукумат берун кард ва амалгароёни ҷавонро ба ҷойи онҳо овард. Ӯ ҳамчунин кори маҷбурӣ дар пахтазорҳои азими Узбекистонро камтар кард, ки як манбаи асосии даромад ва пули нақди хориҷӣ дар кишвар аст. Тағйир дар муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя бахусус Тоҷикистон ва тақвияти ҳамкориҳоро аз дастовардҳои ӯ меноманд.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, беэътиноӣ ба ҳуқуқи инсон ҳамчунон ҳаст, мухолифони сиёсӣ вуҷуд надоранд ва матбуоти мустақил ва озодии баён ҳам сахт зери назорат аст. Моҳи июли соли 2022 дар Қароқалпоқистон, ки ҷумҳури мухтор дар қаламрави Узбекистон бинобар пешниҳоди ислоҳот дар Қонуни асосӣ ва маҳдуд кардани мухторияти онҷо тазоҳурот сурат гирифт.

Пулис бо истифода аз неру тазоҳургаронро пароканда кард ва дар натиҷа 21 нафар кушта шуданд ва баъдан даҳҳо нафар паси панҷара рафтанд. Пешниҳод дар бораи мақоми Қароқаплпоқистонро аз тарҳи Қонуни асосӣ бардоштанд. Дигар тағйир дар Конститутсия аз байн бардоштани ҳукми қатл дар Узбекистон ва муҳофизати беҳтари муттаҳамон ба ҷиноят аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG