Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содир Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Русия меравад


Содир Ҷабборов ва Владимир Путин
Содир Ҷабборов ва Владимир Путин

Манобеи наздик ба президенти Қирғизистон гуфтанд, Содир Ҷабборов (Жапаров) бо сафари расмӣ ба Маскав рафта, дар гузашти низомии рӯзи 9-уми май иштирок мекунад.

Манбаъ гуфт, иштирок дар гузашти низомӣ - қисме аз барномаи сафари расмии президенти Қирғизистон ба Русия аст. Ба қавли манбаъ, вай рӯзи 7-уми май ба Русия меравад ва 10-уми май бармегардад.

Пештар расонаҳои Русия хабари сафари Ҷабборовро ба Русия нашр карда буданд.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия ба суол дар бораи он ки оё аз роҳбарони кишварҳои хориҷӣ каси дигаре дар рӯзи 9 май ба Маскав хоҳад омад, посухе надод.

Дар соли 2022 дар ҷашнҳои рӯзи 9-уми май дар Москва касе аз роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ширкат накард. Ин ҳодиса бесобиқа буд. Гузашти низомии соли 2022 ҳудуди 2,5 моҳ баъд аз оғози ҳамлаи густардаи Русия ба Украина сурат гирифт. Песков он замон гуфт, Кремл касеро аз роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Маскав даъват накарда буд.

Дар солҳои пешин гузашти низомии 9-уми май дар Маскав бо ширкати роҳбарони кишварҳои зиёд таҷлил мешуд. Соли 2015, баъд аз ғабси Қрим, дар гузашти низомӣ дар Майдони Сурхи Маскав бештар аз 20 роҳбари хориҷӣ ширкат карданд, ки бисёриашон аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил буданд.

Роҳбарони кишварҳои ғарбӣ дар солҳои охир ҳузур дар гузашти низомии рӯзи 9-уми майро дар Маскав бас кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG