Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ведомости": 9 май танҳо як роҳбари хориҷӣ ба Москва меояд


Содир Ҷабборов ва Владимир Путин
Содир Ҷабборов ва Владимир Путин

Рӯзи 9 май, ки Русия Рӯзи ғалаба ё пирӯзӣ бар фашизмро таҷлил мекунад, президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба шаҳри Москва хоҳад рафт.

Зоҳиран, вай ягона роҳбари давлате хоҳад буд, ки дар Рӯзи ғалаба дар ҷашнҳои Москва ширкат мекунад, менависад нашрияи "Ведомости" бо такя ба манобеи дипломатии худ. Мақомоти Қирғизистон дар бораи сафари Ҷабборов ба Русия расман чизе нагуфтаанд.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия ба суол дар бораи он ки оё аз роҳбарони кишварҳои хориҷӣ каси дигаре дар рӯзи 9 май ба Москва хоҳад омад, посухе надод.

Дар соли 2022 дар ҷашнҳои рӯзи 9 май дар Москва касе аз роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ширкат накард. Ин ҳодиса бесобиқа буд. Гузашти низомии соли 2022 ҳудуди 2,5 моҳ баъд аз оғози ҳамлаи густардаи Русия ба Украина сурат гирифт. Песков он замон гуфт, ки Кремл касеро аз роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Москва даъват накарда буд.

Дар солҳои пешин гузашти низомии 9 май дар Москва бо ширкати роҳбарони кишварҳои зиёд таҷлил мешуд. Ҳатто соли 2015, баъд аз ғабси Қрим, дар гузашти низомӣ дар Майдони Сурхи Москва бештар аз 20 роҳбари хориҷӣ ширкат карданд, ки бисёриашон аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил буданд. Роҳбарони кишварҳои Ғарб дар солҳои охир ҳузур дар гузашти низомии рӯзи 9 майро дар Москва қатъ кардаанд.

Дар чанде аз минтақаҳои Русия ва Қрими ғасбшуда соли ҷорӣ аз баргузории гузашти низомии рӯзи 9 май худдорӣ мекунанд. Мақомоти Русия ҳамчунин аз роҳпаймоии анъанавии "Полки абадӣ" даст кашидаанд.

Рӯзи душанбе расонаҳои Қазоқистон хабар доданд, ки ин кишвар соли ҷорӣ гузашти низомии бахши ба Рӯзи ғалабаро "ба далели сарфакорӣ ва ҳалли масъалаҳои дигар" баргузор намекунад.

XS
SM
MD
LG