Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдорон ба сабаби муҳоҷирати корӣ истеъфо медиҳанд


Аз 1-уми март то 10-уми апрел теъдоди мансабдороне дар Туркманистон афзоиш ёфтааст, ки ба сабаби ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан аз мақом истеъфо медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки пештар танҳо шарҳвандони бекори Туркманистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд.

Дар пайи бадшавии вазъи иқтисодии Туркманистон, маоши кам дар муассисаҳои буҷетӣ ва дигар мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ, акнун мансабдорон низ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд.

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Туркманистон омори воқеиро дар бораи бекорӣ ва сатҳи фақр нашр намекунад.

Шаҳрвандони Туркманистон солҳои гузашта асосан ба Туркия ва дигар кишварҳое ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки аз онҳо виза талаб карда намешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG