Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориш: Ҳукми қатл дар Эрон 75 дарсад афзуд


Бар асоси гузориши Созмони ҳуқуқи башари Эрон, қароргоҳаш дар Норвегия, омори эъдом ё қатл дар Эрон афзудааст.

Созмон рӯзи 13-уми апрел гуфт, дар соли гузашта камаш 582 нафар дар Эрон эъдом шудаанд ва ин рақам нисбат ба омори соли 2021 (333 кас) 75 дарсад зиёдтар аст.

Бар пояи гузориш, камаш 288 эъдом, яъне 49 дарсад аз маҷмӯи эъдомҳо дар соли 2022 дар Эрон, ба иттиҳоми "куштор" сурат гирифтааст.

Дар гузориши Созмони ҳуқуқи башари Эрон ҳамчунин омадааст, дар соли гузашта дастикам 23 нафар ба иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ ва ҳадди ақал 15 нафар, аз ҷумла ду эътирозгар ба иттиҳомҳои амниятӣ, эъдом шуданд.

Шумори навҷавонони эъдомшуда се нафар ва заноне, ки бо ин ҳукм ҷони худро аз даст додаанд, дастикам 16 нафар эълом шудааст.

Ин омор дар ҳоле дар гузориши солонаи Созмони ҳуқуқи башари Эрон омадааст, ки ниҳодҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии исломӣ ва расонаҳои ҳукуматӣ аз эъломи ахбори расмӣ ва омори умумии эъдомҳо худдорӣ мекунанд.

Созмони ҳуқуқи башари Эрон дар нимаи моҳи март эълон карда буд, ки дар дувуним моҳи аввали соли 2023, 138 нафар дар Эрон, аз ҷумла ду эътирозгар эъдом шудаанд ва иттиҳоми 88 нафар аз эъдомшудагон низ ба "маводи мухаддир" рабт доштааст.

Бар асоси гузоришҳо, беш аз ниме аз ҳукмҳои эъдоми соли гузашта пас аз оғози эътирозҳои "Зан, зиндагӣ, озодӣ" ва тайи се моҳи ахири соли гузашта иҷро шудаанд ва 44 дарсад ба иттиҳоми вобаста ба маводи мухаддир будааст.

Эрон аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки ҳамчунон ба иҷрои ҳукми эъдом идома медиҳад. Дар солҳои гузашта бисёре аз ниҳодҳои ҳуқуқи башар дар бораи омори боло ва рӯ ба афзоиши ин ҳукм дар Эрон, ҳушдор дода буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG