Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ярмаркаҳои Душанбе. Нарх поин шуд, сифат чӣ? ВИДЕО


Ярмарка дар муқобили бозор: Нархи поин шуд, вале сифат чӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Дар пасманзари афзоиши нархи баъзе аз маҳсулот дар моҳи Рамазон, шаҳрдории Душанбе дар чаҳор ноҳияи пойтахт ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалро баргузор кард.

Дар ин фурӯшгоҳҳои махсус асосан гӯшт, равған, шакар, орд, пиёзу картошкаву сабзӣ ва донагиҳоро бо нархи, ба қавли мақомот, “то 20 дарсад поинтар аз бозор” мефурӯшанд.

Баъзе аз харидорон гуфтанд, сифати маҳсулот дар ин ҷо нисбат ба бозор паст аст, бинобар ин арзишаш арзонтар.

Фахриддин Холов, маъмури бозори “Меҳргон”, рӯзи 13-уми апрел гуфт, ҳадаф аз ташкили ярмарка ба танзим даровардани нархи маҳсулоти ниёзи аввал буда, аз ин роҳ мехоҳанд пеши болоравии нархҳоро бигиранд.

Ҳарчанд дар ярмаркаҳо харидорон зиёд набуданд, бархе аз сокинон гуфтанд, воқеан дар ин ҷо арзиши маҳсулот барои қишри камдаромади ҷомеа дастрас аст.

Яке аз мусоҳибони мо гуфт, “гӯштро дар ярмарка ба 55 сомонӣ гирифтем ва ин барои одами камбағал хуб аст”.

Як кило гӯштро дар бозору дӯконҳои берун аз ярмарка аз 65 то 70-73 сомонӣ харидан мумкин аст.

Дар ярмаркаи фурӯши маҳсулот, ки даҳ рӯз идома хоҳад кард, нархи картошкаву пиёз 4 сомонӣ, шакар 9 сомонӣ, 5 литр равған 85 сомонӣ, орд 230-240 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Некмурод Муродов, сокини шаҳри Душанбе, бар ин аст, ки сифати маҳсулот дар ярмаркаҳо чандон хуб нест ва ба ҳамин далел нарх ҳам поинтар аст.

“Сифаташ дар бозор беҳтар. Агар аз ярмарка гӯшт гиред, бо равғану устухони зиёд медиҳанд. Дар бозор сифаташ беҳтар,” – афзуд ӯ.

Ин нукта ҳам ба гӯш мерасад, ки нархи баъзе аз мавод дар ярмаркаҳо аз нарх дар бозор ҳам болотар ҳаст. Чунин вазъият ҳангоми фурӯши пиёз дар Кулоб дида шудааст.

Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ, баргузории ярмаркаҳоро аз ҳисоби захираҳои давлатӣ қадами хуб донист, вале гуфт, “ин ярмаркаҳо ба нархи бозор таъсири дарозмуддат надоранд”.

Ӯ рӯзи 13-уми апрел гуфт, “танзими нарху наво ба иқтисоди ҷаҳон рабт дорад. Дар ҷаҳон, ки ҳоло буҳрон аст, Тоҷикистон ба танҳоӣ наметавонад барои мисол нархи пиёзро як сомонӣ муқаррар кунад, картошкаро 2 сомонӣ. Дуюмаш ин ки мардум киштро зиёд кунанд, ба хориҷи кишвар камтар баранд, мардум бо нархи арзон ба маҳсулот дастрасӣ пайдо мекунанд”.

Сокинони Тоҷикистон ҳар сол аз афзоиши нарх дар моҳи Рамазон ва дигар иду айём гила мекунанд. Гоҳе харидорон тоҷиронро гунаҳкор мекунанд, ки бо истифода аз фурсат нархҳоро ба таври сунъӣ боло мебаранд. Дар посух ба чунин нигаронӣ, тоҷирон мегӯянд, маҳсулоташонро, агар бо нархи арзон фурӯшанд, зарар мебинанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG