Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Швейтсария назорати суратҳисоби русҳоро сахттар мекунанд


Бонкҳои Швейтсария муштариҳои худро аз Русия огоҳ кардаанд, ки дар сурати пардохти андоз ба буҷаи Русия суратҳисобҳояшон баста мешавад.

Дар ин бора ду вакили мудофеъ ба хабаргузории РБК иттилоъ додаанд, ки бо муштариҳои русиягӣ кор мекунанд.

Роман Кудинов, шарики бюрои ҳуқуқии швейтсарии "Leolex" ба хабаргузорӣ гуфтааст, қариб 10 кас ба онҳо муроҷиат кард ва аз дарёфти чунин огоҳӣ хабар дод.

Бонк ба муштариҳояш ҳушдор додааст, ки агар онҳо роҳбарони ширкатҳои русӣ монанд ва пардохти андозро ба буҷаи Русия идома диҳанд, дар ин сурат бонк суратҳисобҳояшонро мебандад.

Вакили мудофеи дигар аз Швейтсария, ки бо "РБК" суҳбат кардааст, гуфтааст, бонк бастани суратҳисобҳои русиягиҳоро аллакай шуруъ кардааст.

Бонкҳо ин тасмими худро бо он асоснок кардаанд, ки чунин муштариҳо ба давлате андоз месупоранд, ки вазъро дар Украина ноором месозад.

Моҳи феврали имсол бонки Credit Suisse дороиҳои русиягиҳоро дар ҳаҷми қариб 20 миллиард доллар масдуд карда буд. Ин миқдор маблағ бештар аз сеяки тамоми дороиҳои русиягиҳо дар Швейтсария аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG