Дар вилояти Челябински Русия “рейд”-и саросарӣ нисбат ба муҳоҷирон шуруъ шудааст.
Дар ин амалиёт, ки 11-уми апрел оғоз гардид, нерӯҳои ОМОН ва Хадамоти амнияти федеролӣ ҷойи кор, истиқомат, бозор ва маҳалли ҷамъоии муҳоҷиронро тафтиш мекунанд.
Ба иттилои Раёсати корҳои дохилии Челябинск, хориҷиёнро барои нақзи қонунҳои муҳоҷират ба ҷавобгарии маъмурӣ мекашанд. Масъалаи рондан аз Русия низ дар миён аст.
Корфармоёне, ки аз кори муҳоҷирон ғайриқонунӣ истифода мебаранд, то як миллион рубл ҷарима хоҳанд шуд ё фаъолияти корхона то 90 рӯз боздошта мешавад.
Тибқи натиҷагирии мақомоти интизомӣ, 125 қонунвайронкунӣ ошкор шуда, қарори ихроҷи 8 муҳоҷир баромадааст.
Муҳоҷирони вилояти Челябинск мегӯянд, “рейд” баъд аз кушта шудани як ноболиғ оғоз шуд. Дар он ҳодиса чанд зодаи Тоҷикистон гумонбар ҳастанд.
Гуфтугӯ