Дар марзи Арманистон ва Озарбойҷон 11-уми апрел дигарбора тирпаронӣ сурат гирифт. Ҳар ду ҷониб аз ҳалокат ва захмӣ шудани низомиёни худ дар натиҷаи ин ҳодиса хабар доданд.
Дар Вазорати дифои Арманистон гуфтанд, тирпаронӣ дар деҳаи Техи вилояти Сюники ин кишвар рух додааст.
"Низомиёни Озарбойҷон 11 апрел, соатҳои 16:00 ба тарафи сарбозони Арманистон, ки дар Тех корҳои муҳандисӣ анҷом медоданд, оташ кушоданд. Ҷониби Арманистон даст ба иқдоми ҷавобӣ зад", - гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои вазорат, дар натиҷаи тирпаронӣ чандин сарбози Арманистон кушта ва захмӣ шуданд.
Вазорати дифои Озарбойҷон дар навбати худ гуфт, неруҳои Арманистон мавқеи низомиёни ин кишварро дар ноҳияи Лочин ҳадаф қарор доданд. "Оташкушоӣ аз ҷониби деҳаи Тех сурат гирифт ва неруҳои Озарбойҷон чораи ҳамсон андешиданд", - гуфтанд дар вазорат. Хабаргузории русии ТАСС дар бораи кушта шудани се кас хабар додааст.
Русия дар соли 2020 пас аз ҷанги 44-рӯза миёни Озарбойҷон ва Арманистон ба минтақа нерӯ фиристод ва ҷонибҳоро ба созиш даъват кард. Дар ин ҷанг Озарбойҷон қисме аз минтақаи Қарабоғи Кӯҳиро зери назорат даровард.
Қарабоғи Кӯҳӣ минтақаест, ки ду кишвар онро моли худ медонанд. Солҳо боз муноқишаҳои хунин миёни ду кишвар дар ин минтақа сар мезанад ва ҳар бор, ҳарду кишвар дар сар задани низоъ якдигарро айбдор мекунанд.
Гуфтугӯ