Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро занони рус барои таваллуд ба Аргентина мераванд? ВИДЕО


Чаро занони рус ба Аргентина мераванд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Бар асоси омори мақомоти Аргентина, дар соли 2022 тақрибан 11 ҳазор зани рус ба ин кишвар рафтаанд ва бисёре аз онҳо ҳам барои таваллуд. Чаро занони рус ҳазорон километр роҳро тай карда, ба ин кишвари дури Амрикои ҷанубӣ мераванд, то фарзанди хешро ба дунё биёранд?

Аз соли 2020 то соли 2022 бештар аз 22 ҳазор шаҳрванди Русия ба Аргентина рафтаанд. Нисфе аз онҳо зан ҳастанд ва бисёре ҳам дар моҳҳои охири обистанӣ.

Кирил Маковеев, муассиси оҷонси "РуАргентина", ба занони рус барои таваллуд дар Аргентина мадад мекунад. Мегӯяд, кораш хуб аст. "Дар як сол тақрибан 70 ҳазор нафар тавассути вебсайти мо дар бораи таваллуд дар Аргентина машварат гирифтанд," – гуфт Маковеев.

Ҳар кӯдаке, ки дар Аргентина ба дунё омад, бар асоси қонун, ҳаққи шаҳрвандӣ мегирад. Волидонаш метавонанд, ҳаққи иқомат бигиранд ва дертар барои шаҳрвандӣ муроҷиат кунанд.

Шиносномаи Аргентина ба русҳо иҷоза медиҳад, озодона ба 170 кишвар сафар кунанд. Берун омадан аз Русия ба сабаби таҳрими кишварҳои ғарбӣ батадриҷ гаронтар мешавад ва имконнопазир ҳам шудааст. Агар шиносномаи Аргентина дошта бошанд, ба ҷанги Украина ҳам сафарбар намешаванд.

Наталия Ксенофонтова ҳангоме ки тифли саввум дар батнаш буд, аз Уфа ба Аргентина кӯчид: “Ду писар дорам. Орзу доштем, ки дар оянда дар Аврупо таҳсил кунанду зиндагии зебое дошта бошанд, вале ҳамаи ин орзуҳо дар як рӯз аз байн рафт. Вақте моҳи апрел фаҳмидам, обистан ҳастам, зиёд андеша кардем ва ба ин қарор расидем, ки Русияро тарк кунем."

Мақомоти Аргентина мегӯянд, ки бисёре аз занони рус баъд аз таваллуд дар кишвар намеистанд. Соли гузашта нисфе аз 13 ҳазор шаҳрванди Русия Аргентинаро тарк кардаанд. Аксарият ҳам занони обистане буданд, ки баъди таваллуд рафтаанд.

Моҳи феврал Флоренсиа Каригано, мудири Хадамоти Муҳоҷирати Аргентина, эълон кард, аз ин пас ба он шаҳрвандони Русия, ки баъди зоймон дар кишвараш, аксаран дар берун зиндагӣ мекунанд, ҳаққи иқомат намедиҳанд.

Ӯ афзуд, “моҳи январ 4 ҳазору 523 шаҳрванди Русия вориди Аргентина шуданд ва ин шумора фавқулода меафзояд. Шумораи парвозҳо ба кишвар ва занони обистани рус ҳам зиёд мешавад."

Алла ва Андрей Приговкин дар Аргентина монданд, ҳарчанд аввал аз бими сафарбарии шавҳар ба ҷанги Украина берун омаданд. "Ман ба ӯ гуфтам, аз сафарбарии ту метарсам. Метарсидам, ки дар ҷанг кушта шавад ва ман фарзандамро танҳо бузург кунам," – мегӯяд Алла Приголовкина.

Наталия Ксенофонтова ҳам нияти тарки Аргентинаро надорад. Ҳоло бо шавҳараш онлайнӣ кор мекунанд, забони испанӣ меомӯзанд ва дар ҷустуҷӯи кор дар Буэнос Айрес ҳастанд. Инҷоро хонаи нави худ мешуморанд ва умедвори ояндаи хубе барои фарзандони худ дар инҷо ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG