Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоқии тақдирсоз" кор дод? Вахш аз анҷоми даъват ба артиш хабар дод


Лаҳзаи қуръакашӣ барои ба хизмат бурдани ҷавонон дар ноҳияи Вахш
Лаҳзаи қуръакашӣ барои ба хизмат бурдани ҷавонон дар ноҳияи Вахш

Мақомоти вилояти Хатлон хабар доданд, ки дар як ҳафтаи аввали даъвати баҳорӣ ба сафи артиш, ноҳияи Вахш нақшаро пурра иҷро кардааст.

Вахш, аз ҷумлаи ноҳияҳое дар Тоҷикистон буд, ки имсол бо шеваи нав, аз ҷумла қуръакашӣ дар миёни волидон ҷавононро ба артиш ҷалб кард.

Дар хабарномаи расмие рӯзи 7-уми апрел ҳукумати Хатлон иттилоъ додааст, ки дар ин вилоят беш аз 34 дар сад нақшаи даъват ба анҷом расид. Ноҳияҳои Фархор ва Данғара низ аз каматрин ноҳияҳо дар ин вилоят будаанд, ки теъдоди муайяншудаи ҷавононро ба артиш фиристодаанд.

Даъват ба артиш расман дар Тоҷикистон якуми апрел оғоз шуд. Радиои Озодӣ аз тарзи нави ҷалби ҷавонон ба артиш дар ноҳияи Вахш гузориш дода буд.

Мақомоти ин ноҳия дар дохили тоқӣ варақаҳоро бо аломати ҷамъ ва тарҳ гузошта, аз волидони ҷавонони синни даъват хоҳиш мекарданд, ки якеро интихоб кунанд. Агар ба касе аломати тарҳ афтид, фарзандаш аз хизмат озод аст ва агар аломат ҷамъ буд вай бояд ҳатман писарашро ба артиш фиристад.

Ин тарзи ҷалби ҷавонон, ки онро қуръакашӣ низ меноманд, дар ноҳияҳои дигари Тоҷикистон ҳам расм шудааст.

Дар Суғду Рашту Хатлон аз фишор ба волидон ва истифода аз шеваҳои дигар суҳбат мекунанд. Бино ба гуфтаи сокинон дар Исфара мақомоти маҳаллӣ барқи мардумро хомуш мекунанд ва бархе масҷидҳоро ҳам бастаанд. Инро сокинон ҳамчун як роҳи фишор барои фиристодани ҷавонон ба артиш медонанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ин фишорҳоро хилофи қонун ва номуассир медонанд. Мақомот баръакс аз афзоиши сафи ихтиёриёни хидмат хабар медиҳанд.

XS
SM
MD
LG