Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон: Муҳокимаи мансабдорони муттаҳам ба дастдарозӣ


Додгоҳи олии Узбекистон ба ҳукми сардори пешини Раёсати адлияи вилояти Хоразм ва раиси бахши ҳолатҳои фавқулода эътирози додситонро гирифтааст. Ин ду мақомдор барои робитаи ҷинсӣ бо таълимгирандагони ятимхонаҳо маҳкум шуда буданд. Парвандаи онҳо акнун дубора баррасӣ мешавад.

Додгоҳи зинаи поёнӣ пештар озодиҳои онҳоро 1,5-солӣ маҳдуд карда буд. Додситонӣ аз додгоҳ хостааст, ҳукм бекор ва парванда дубора баррасӣ шавад. Дар ин бора аз Додгоҳи олии Узбекистон хабар доданд.

Дар бораи ин ҷиноят қариб 7 моҳ баъд аз содир шуданаш расонаҳо хабар доданд.

Ба навиштаи матбуоти Узбекистон, давоми 10 моҳ мудири ятимхона духтарони ноболиғро барои истифодаи шаҳвонӣ дар ихтиёри роҳбари раёсати вилоятии адлия ва роҳбари ҳолатҳои фавқулода гузоштааст.

Роҳбари ятимхона 5,5 сол зиндонӣ шуд. Ду мансабдори дигар бо гирифтани ҳукми 1,5-солии маҳдудсозии озодӣ аз додгоҳ раҳо ёфтанд.

Дар ихтиёри мансабдорон гузоштани духтарони ноболиғи ятимхона дар соли 2021 рух додааст. Он замон духтарон 15, 16 ва 17 сол доштаанд.

Мудири ятимхона бо роҳҳои гурусна нигоҳ доштан духтарон маҷбур ба ҳамхоба шудан мекардааст. "Духтарон ҳам дар ҳудуди ятимхона ва ҳам дар утоқи кории роҳбари адлия бо мансабдорон ҳамхоба шудаанд", - хабар медиҳанд расонаҳои Узбекистон.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG