Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Финландия расман ба НАТО мепайвандад


Хабаргузории давлатии "РИА Новости" рӯзи 3-юми апрел аз қавли Александр Грушко, муовини вазири корҳои хориҷии Русия, гузориш дод, ки Маскав дар вокуниш ба узвияти Финландия дар НАТО тавоноҳои низомии худро дар манотиқи ғарбӣ ва шимол-ғарбии ин кишвар тақвият хоҳад кард.

Финландия ва Шветсия дар пайи ҳамлаи низомии Русия ба Украина хоҳони пайвастан ба НАТО шуданд.

Финландия ҳудуди 1300 километр бо Русия марз дорад ва пайвастани ин кишвар ба НАТО сарҳадҳои ин паймони низомиро бо Русия тақрибан ду баробар мекунад.

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, соли гузашта ҳамзамон бо тарҳи узвияти ин ду кишвар дар НАТО гуфта буд, ки Маскав "вокуниши зарурӣ" анҷом хоҳад дод.

Александер Грушко, муовини вазири корҳои хориҷии Русия ба хабаргузории "РИА Новости" гуфтааст, "дар сурати ҷобаҷоии нерӯҳои аъзои НАТО дар хоки Финландия, мо барои тазмини амнияти артиши Русия дар ин минтақаҳо чораҳои бештаре анҷом медиҳем".

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, рӯзи душанбе эълон кард, ки Финландия 4-уми апрел ба унвони узви нави ин паймони бузурги низомӣ пазируфта хоҳад шуд.

Ӯ дар остонаи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви НАТО дар як нишасти хабарӣ дар Брюссел гуфт, "ин як ҳафтаи таърихӣ аст. Финландия аз фардо ба узвияти комили НАТО медарояд".

Столтенберг изҳори умед кард, ки Шветсия низ дар моҳҳои оянда ба НАТО мепайвандад. Вай ҳафтаи гузашта гуфта буд, "барои аввалин бор парчами Финландия дар қароргоҳи НАТО парафшонӣ мекунад. Ин як рӯйдоди мусбат барои амнияти Норвегия, кишварҳои шимоли Аврупо ва ба таври умумӣ амнияти НАТО аст".

Дабири кулли НАТО афзуд, ҳукумати Туркия -- охирин кишваре, ки узвияти Финландияро тасдиқ кард, рӯзи сешанбе санади пазируфтани ин кишварро барои Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии ИМА мефиристад. Ӯ аз ҳукумати Финландия низ хост, дар ҳамон рӯз санади расмии ӯҳдадориҳои худро дар баробари НАТО ба вазири корҳои хориҷии Амрико бисупорад.

Раҳбари Финландия ҳамроҳ бо вазирони корҳои хориҷӣ ва дифои ин кишвар дар маросими расмии узвияти Финландия дар НАТО иштирок хоҳанд кард.

Финландия ва Шветсия дар пайи ҳамлаи низомии Русия ба Украина бинобар нигаронҳо аз эҳтимоли ҳамлаи Маскав, сиёсати қадимии бетарафиро канор гузошта, тасмим гирифтанд, барои бархӯрдор будан аз ҳимояти амниятии НАТО ба ин паймони низомӣ бипайванданд.

Кишварҳои узви НАТО дар нишасти тобистони соли гузашта дар Мадрид ба қабули Финландия ва Шветсия мувофиқат карданд. Маҷористон (Венгрия) ва Туркия чандин моҳ ин дархостро таъйид накарданд, вале билохира порлумонҳои ҳар ду кишвар ҳафтаи гузашта узвияти Финландияро пазируфтанд

Ҳукумати Маҷористон сабаби мухолифати худро ҳеч гоҳ ба таври ошкоро эълон накарда буд, вале Туркия гуфт, танҳо дар сурати маҳдуд кардани фаъолияти мухолифони Анқара дар ин кишварҳо ва бекор кардани таҳримҳои таслиҳотии Туркия, ба узвияти ин кишварҳо мувофиқат хоҳад кард.

Кишварҳо ба узвияти дар НАТО танҳо дар сурати таъйиди ҳамаи аъзои ин паймон қабул карда мешаванд. Амрико ва муттаҳидони он кишвар умедворанд, ки қабл аз нишасти баъдии раҳбарони НАТО, ки тобистони имсол баргузор мешавад, узвияти Шветсия низ дар НАТО пазируфта мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG