Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IMF: "Иқтисоди Тоҷикистон рушди хуб дошт, вале хатар ба ояндааш кам нест"


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Сандуқи Байналмилалии Пул мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон бо вуҷуди тарсу нигаронӣ аз таъсири бади ҷанги Украина соли гузашта рушди қавие доштааст, чун афзоиши вуруди пули муҳоҷирон тақозои дохилӣ ва ҳаҷми пули нақд дар бонкҳоро зиёд кардааст.

Бо оғози ҷанги Русия дар Украина дар моҳи феврали соли 2022 ва дар пайи он эъмоли таҳримоти иқтисодии сахт ба зидди Русия бисёриҳо интизор доштанд, ки аҳволи иқтисоди Тоҷикистон бад мешавад. Биму тарс аз он буд, ки иқтисоди Русия ҳам рӯ ба рукуд меорад, ҷойи кор онҷо кам мешавад ва ҳазорон муҳоҷирони тоҷик бекор мемонанду ба оилаҳояшон дар Тоҷикистон пул фиристода наметавонанд. Русия кишвари аслии муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст ва муҳоҷирон солона садҳо миллион доллар мефиристанд, ки иқтисоди заифи кишвар сахт ба он эҳтиёҷ дорад.

Дар баёнияи расмии бонк, ки ҳафтаи гузашта нашр шуд, омадааст, тавлидоти нохолиси дохилӣ соли 2022 то 8 дарсад афзоиш ёфт ва захираҳои арзиву пулии кишвар то охири соли 2022 ба 3 миллиарду 800 миллион доллар расид, ки барои хариди молу маҳсулот барои 8 моҳ кофист. Захираҳои моливу арзии Тоҷикистон то охири соли 2021 фақат 2 миллиарду 500 миллион доллар будааст.

Ба қавли мутахассисони Сандуқи Байналмилалии Пул дар соли 2021 ҳал кардани сарнавишти ду бонки азим, вале гирифтори мушкил ба мисли “Тоҷикисодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” ки варшикаста шуданд, кумак кардааст, то аҳволи низомии бонкӣ беҳтар шавад. Дар баёния омадааст, сатҳи таваррум дар соли 2022-ум 4. 2 дар садро ташкил дод, ки поёнтар аз пешбинии Бонки миллӣ аст.

Бо вуҷуди пешравии иқтисод ва тобоварӣ ба паёмадҳои ҷанг дар Украина ба гуфтаи Сандуқи Байналмилалии Пул, иқтисоди Тоҷикистон ҳамчунон дар баробари таконҳои хориҷӣ ва бахусус таъсири иқтисоди Русия осебпазир аст.

Ба гуфтаи иқтисоддонҳои ин муассисаи байналмилалии молӣ, ки ба Тоҷикистон дар пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ ва мувофиқ кардани он ба меъёрҳои байналмилалӣ кумак мекунад, мумкин аст, бо бадтар шудани аҳволи иқтисоди Русия, маҷрои пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон камтар шавад.

Аз ҷумла пешбинӣ шудааст, ки суръати рушди иқтисод дар соли 2023 сусттар шуда, аз 5 дар сад боло наравад. Дигар хатарҳо ба иқтисод, метавонанд аз мушкилоти геополитикӣ сарчашма бигиранд, аз ҷумла ноамнии бештар дар Афғонистону харҷи пули бештари давлат барои посбонии марзи дароз бо ин ҳамсоякишвари ноором.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG