Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як узбекистонӣ барои шиносномаи қалбакӣ


Як шаҳрванди Узбекистонро ба гумони гирифтани шиносномаи қалбакӣ дар Қирғизистон боздошт карданд. Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, гумонбарро тавассути гумоштаҳои мақомоти Қирғизистон дар сафи гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" боздошт кардаанд.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ин мард мехост, барои ба минтақаҳои ҷанги Сурия рафтан шиносномаи Қирғизистонро бигирад.

Шаҳрванди боздоштшуда дар ҳудуди Узбекистон дар ҷустуҷӯ эълон шудааст.

Дар айни замон мақомот барои муайян ва дастгир кардани шахсони дигари марбут ба гумонбар чораҷӯӣ мекунанд.

Пештар аз ин, рӯзи 29-уми март дар Қирғизистон марди дигареро боздошт карданд, ки мехост, барои шаҳрванди Узбекистон шиносномаи Қирғизистонро таҳия кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG