Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон кишвари орӣ аз вараҷа эълон шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тоҷикистонро кишвари орӣ аз вараҷа эълон карда, ба феҳристи 42 давлати пирӯз бар зидди ин беморӣ шомил кардааст. Дар ин бора, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар сомонаи расмии худ хабар додааст.

Ин созмон гуфт, ба Тоҷикистон барои аз байн бурдани бемории вараҷа дар қаламраваш гувоҳнома додааст. Ҳамин гуна санад ба давлати Озарбойҷон низ дода шудааст.

Мубориза бо ин бемории тропикӣ, ки ба Тоҷикистон солҳои 1990-ум роҳ ёфт, давоми солиёни зиёд бо ёрии созмонҳои байналмилалӣ решакан гардид.

Бемории вараҷаро дар Тоҷикистон дар аҳди Шӯравии собиқ аз байн бурданд, вале ҷанги дохилии солҳои 90-ум дар баробари мушкилоти дигар вараҷаро низ ба сари кишвар овард.

Соли 1997-ум 30 ҳазор нафар ва бино ба гузоришҳои дигар 120 ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор шуданд, ки ба инсон асосан аз пашша ва ё хомӯшак сироят мекунад.

XS
SM
MD
LG