Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Девонагиро бас кунед." Эътирози мардум ва ақибнишинии Нетаняҳу дар Исроил. ВИДЕО


Исроил
Исроил

Танишҳо дар Исроил, ки шоҳиди буҳрони амиқи сиёсӣ шудааст, рӯзи 28-уми март ва баъд аз қарори нахуствазир Бенямин Нетаняҳу андаке фурӯ нишаст. Дар ду рӯзи пеш даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми кишвар ба хиёбонҳои Телавив рехта, аз ҳукумат талаб карданд, ки аз ислоҳоти низоми адлия даст кашад.

"Девонагиро бас кунед." Ин шиори яке аз тазоҳургарони мухолифи ҳукумати Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, буд. Манзур аз девонагӣ ислоҳотест, ки ҳукумат мехоҳад, дар низоми додгоҳӣ анҷом диҳад.

Йейр Лапид, раҳбари мухолифони давлат, гуфт, “ин қонун амнияти миллиро ба хатар меандозад, иқтисодро аз байн мебарад, робитаҳои байнулмилалии моро дарҳам мешиканад ва мардуми Исроилро тика-тика мекунад. Ин қонун набояд қабул шавад.”

Зери фишор ва аз тарси мавҷи азими ин парчамбадастон, коршикании саросарӣ ва ихтилофҳои амиқ дар ҷомеа, Бенямин Нетаняҳу ақибнишинӣ кард ва қабули тарҳи қонуни ислоҳотро ба таъхир андохт.

Вай гуфт: “Бо назардошти масъулияти миллӣ ва азми пешгирӣ аз тафриқа дар миёни мардум, тасмим гирифтам, баррасии қонунро дар қироати дувум ва саввум дар Кнессет боздорам, то вақти зиёдтаре барои мусолиҳа барои қабули қонун дар маҷлиси баъдӣ дошта бошем.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Исроил: Эътирози мардум ва ақибнишинии сарвазир
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

Ин мардум мухолифи қабули қонуне ҳастанд, ки дар сурати қабул мумкин аст, Додгоҳи олии Исроилро камсалоҳият, мутеъ ва дастнигари ҳукумати Нетаняҳу кунад. Тарҳи қонун ба сиёсатмадорон иҷоза медиҳад, ки додрасҳои дилхоҳашонро дар Додгоҳи олии Исроил таъйин кунанд.

Худи Нетаняҳу, ки ба фасодкорӣ муттаҳам мешавад ва ин иттиҳомотро рад кардааст, ваъда дод, ки ба ҳуқуқи мардум эҳтиром мегузорад, вале аз бандҳои аслии ислоҳот даст намекашад. Амри ӯ барои барканории вазири дифоъ, ки ба ислоҳот мухолифат кард, хашми мардумро барангехт ва тазоҳуротро ба чунин ҳол кашид.

Итай Ҳавив, яке аз тазоҳургарон, гуфт, “ба ин ҳукумат бовар надорам. Муҳим нест, нахуствазири ман чӣ мегӯяд ё намегӯяд. Ман ба ӯ бовар надорам, бидуни чашм ба ҳам задан дурӯғ мегӯяд. Ба фикри ман мо ба ҷое расидаем, ки Нетаняҳу истеъфо диҳад. Ҳарчӣ зудтар барои ҳамаи мо беҳтар.”

Дар тазоҳурот дар Телавив бино ба гузоришҳо то 80 ҳазор нафар ширкат доштанд. Коршиканӣ дар фурудгоҳу дигар муассисаҳои давлатӣ ҳам фишор ба Нетаняҳуро зиёд карду ба ақибнишинӣ водор сохт.

Бенямин Нетаняҳу, ки ҳукумати чапгарои ашаддиро дар Исроил раҳбарӣ мекунад, ҳеч гоҳ шоҳиди чунин буҳрони сиёсӣ нашуда буд. Он ҳам дар замоне ки хушунат байни фаластиниёну Исроил дар Канораи Ғарби Рӯди Урдун авҷ гирифтааст. Дар инҷо дар соли гузашта бештар аз 250 фаластинӣ ва 40 исроилӣ кушта шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG