Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу тарҳи "ислоҳоти додгоҳӣ"-ро бекор накард, ба таъхир андохт


Нахуствазири Исроил пас аз моҳҳо эътирози густурда дар ин кишвар, рӯзи 27-уми март эълон кард, ки барои "пешгирӣ аз ҷанги дохилӣ" тарҳи ислоҳоти додгоҳии мавриди ҳимояти ӯ ва ростгароёни муттаҳиди ҳукуматро барои муддате ба таъхир меандозад.

Раҳбари мухолифони Исроил ибрози нигаронӣ кардааст, ки Бенямин Нетаняҳу дар садади "фиреб додан"-и мардум аст, аммо гуфт, оппозитсия аз ин фурсати бамиёномада барои гуфтугӯи миллӣ истифода хоҳад кард.

Бенямин Нетаняҳу дар суханони худ нагуфт, ки тарҳ то кай ба таъхир гузошта шудааст, аммо баррасии раванди қабули қонунҳоро барои ислоҳот ба давраи тобистонии порлумон вогузор кард.

Баъзе аз расонаҳои исроилӣ гуфтаанд, ки ин тарҳ барои 4 моҳ ба таъхир андохта шудааст. Нетаняҳу дар суханронии шаби гузаштаи худ афзуд, садои эътирозҳоро шунидааст ва талош хоҳад кард, ки ислоҳот бо "иҷмои фарогир" анҷом шавад, то Исроил чанд пора нашавад".

Эътирозҳои густурда даҳ ҳафта боз алайҳи ислоҳоте ҷараён дошт, ки тарҳашро ҳукумати Бенямин Нетаняҳу пешниҳод кардааст.

Бар асоси он, додгоҳҳо имкони бекор кардани қарорҳои ҳукуматро нахоҳанд дошт. Чизе, ки ба гуфтаи эътирозгарон, маънои аз даст додани мустақилии додгоҳҳоро дорад.

Бенямин Нетаняҳу, ки моҳи декабри соли гузашта дигарбора сарвазири Исроил интихоб шуд, бар ин бовар аст, ки ҳадафи эътирозгарон барканории ӯ аз қудрат аст.

Баъзе аз тазоҳургарон, воқеан, истеъфои Нетаняҳуро талаб доранд. Дар ҳоли ҳозир алайҳи Нетаняҳу се парванда боз шудааст, аммо худи ӯ ҳар гуна иттиҳомро рад мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG